Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Боз як нишони тиллоии ҷавони тоҷик

17 май 2011, 13:42

Ман бисёр мехостам писари ман аз номи Тоҷикистон дар сабқатҳо ширкат намуда шарафи ватани азизамонро боло бардорад. Аммо агар барои сарпарастӣ ва маблағгузории Фаррух кӯмак накунанд, маҷбур мешавем пешниҳоди муаррифӣ намудани кишварҳои дигарро бипазирем.

Дар мусобиқоти умумирусиягӣ аз рӯи намуди кикбоксинги «Вет во дао» дар вазни 48 кило Фаррух Мирзоев, як тоҷики  сокини вилояти Маскав  ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал ва нишони тилло гашт. Тавре баъди ин сабқат Фаррух Мирзоев дар сӯҳбат ба хабарнигори «Озодагон» иброз дошт, муддати 3 сол аст, ки дар ин маҳфил зери роҳбарии устодаш Яртсев Виталий Владимирович тамрин карда, дар мусобиқоти шаҳриву вилоятӣ борҳо ғолиб омада, 5 медали тилло, 7 нишони нуқра ва 1 медали биринҷиро касб кардааст.

Хамакнун, баъди ин ғолибият Фаррух Мирзоев барои ширкат дар мусобиқоти Аврупо роҳхат гирифтааст. Ва аммо Сафарбек Мирзоев, падари Фаррух, ки беш аз 10 сол боз дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст, мегӯяд, бар асари надоштани шаҳрвандии Русия писарашро наметавонанд, ба ҳайати тими яккачини ин кишвар шомил намоянд.

- Ман бисёр мехостам писари ман аз номи Тоҷикистон дар сабқатҳо ширкат намуда шарафи ватани азизамонро боло бардорад. Аммо агар ҷониби Тоҷикистон барои сарпарастӣ ва маблағгузории Фаррух кӯмак накунанд, маҷбур мешавем барои боз ҳам боло бурдани дараҷаи касбияту малакаи варзишии писарам пешниҳоди муаррифӣ намудани кишварҳои дигарро бипазирем. Ин гуна таклифҳо аллакай ба мо расидааст, мегӯяд, Сафарбек Мирзоев.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!