Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:19

Буҷаи мамлакат мавриди баррасии вакилони МН

12 октябр 2011, 12:02

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуда, дар он як қатор масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН иттилоъ дод, вакилони Маҷлиси намояндагон нахуст лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Расулов Ашўрбек» - ро қабул карданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи суғуртаи нафақавии касбӣ», Дар хусуси санади Женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ ва лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011»  дар 9 моҳи соли 2011  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков ва вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамроалиев зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дастуру супоришҳо ва тавсияҳое, ки аз тарафи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд, арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки ин тағйирот ҳамчунин бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи санадҳои қонунгузорӣ дар доираи стратегияи милли рушди ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ва ҳамоҳанг сохтани ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ҷиҳати ворид кардан ба ин лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов бошанд, роҷеъ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба ин қонун бартараф кардани мухолифатҳои мавҷуда бо қонунгузории ҷорӣ вобаста ба таҳияи механизми самаранокии амали он ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ иборат мебошад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!