Бахшҳо

Суғд: Қоҳир Расулзода ба конибодомиҳо мошин тӯҳфа кард

Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуда, бо меҳнаткашон ва пахтакорони ин минтақа мулоқот намуд ва дар маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ширкат варзид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи кишоварзони ноҳия, ки дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи рақами 11-и хоҷагии деҳқонии ба номи Энаҷон Бойматова баргузор гардид, иштирок намуда, пахтакорони шаҳрро барои ғалабаи меҳнатӣ, таъмини саривақтии нақшаи солона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  табрику муборакбод намуда, барояшон сарбаландию сиҳатмандӣ таманно намуд.

- Деҳқонони қавииродаи Конибодом дар соли таърихии 20-солагии Истиқлолият    баҳри иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумат фидокорона меҳнат намуда, ғолибият ба даст оварданд. Ин ғалабаи меҳнатии кишоварзони шаҳр боиси ифтихори тамоми мардуми вилоят мебошад, - таъкид намуд раиси вилоят. Маврид ба ёдоварист, то ба имрӯз кишоварзони шаҳр дар майдони 7 226 гектар пунбадона кишт намуда, ба хирмани «тиллои сафед»-и вилоят зиёда аз 13,3 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 106,9 фоизи нақшаи солонаро  ташкил медиҳад.Дар рӯёнидани ҳосили бобаракати «тиллои сафед» саҳми тамоми хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонон, мутахассисону масъулони соҳа, механизаторону обмонҳо, саҳмдорону ҳашарчиён калон буда, нақши Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Маҳмудҷон Назаров, Неъмат Қаробоев, «Патар», «Ирам» ва «Дӯстӣ» хеле зиёд аст.

Зимнан, раиси вилоят ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ, аз ҷумла ба раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Эралӣ Маҳмудов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ирам” Раҳимбой Акрамов, ба механизаторон Ҳамроҳбой Ҳоҷиев аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Ҷаҳонгир Толибов аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Канди кӯҳан”, ба чинакчиёни пешқадам Малика Расулҷонова аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исоев ва Гулсара Абдусамадова аз хоҷагии деҳқонии Нозимсаркор тӯҳфаҳои арзанда – мошини сабукрав, телевизор ва мошини дарздӯзӣ тӯҳфа намуд.

Ҳамчунин аз номи раиси вилоят ба идораи маорифи шаҳр 10 адад компютер ва 2 адад принтер тақдим гардид.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)