Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:45

Вазорати рушди иқтисод ва савдо Системаи Мадридро ба баррасӣ гирифт

13 октябр 2011, 04:45

«Системаи Мадрид оиди бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ». Таҳти чунин унвон  дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамойиши вижаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии молиякияти зеҳнӣ баргузор гардид.


Нуралӣ Шоқурбонов, сухангӯи  вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар ин нишаст масоили хусусиятҳои асосии Системаи Мадрид ва тағйироти охирини он, таҷрибаи истифодабарии ситемаи мазкур дар Тоҷикистон, маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонӣ дар доираи ин низом, бартарият ва афзалияти он баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин нишаст,  дар қатори масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони  ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна ширкат намуданд. Гуфтанист, нишасти мазкур баъд аз зӯҳри имрӯз ба анҷом мерасад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!