Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Афрӯз: Шаҳодати Устод Раббонӣ ва авзои минтақа паз аз террори ӯ

13 октябр 2011, 05:45

«Афғонистон баъди шаҳодати Устод Бурҳониддин Раббонӣ: Пайомади вазъияти сиёсӣ ва низомӣ барои Тоҷикистон ва минтақа».


Таҳти чунин унвон баъд аз зӯҳри 14-уми октябр ҳамойиши вижае бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рўзноманигорони форсизабон «Афрўз» ва нашрияи «Миллат» сурат мепазирад. Тавре Адолати Мирзо, муассис ва сардабири «Миллат», ҳамзамон райиси созмони хабарнигории мавсум ба «Афрӯз»  ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, нишасти мазкур дар маркази тадқиқоти стратегии назди президент сурат пазируфта, зимнан ширкати доираи бузурги хабарнигорони ватаниву хориҷӣ, коршиносони соҳа, масъулини ҳукумат, сафороту корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ дар назар аст.

Ёдрас менамоем, шоми 20-уми сентябри соли 2011 бар асари  як ҳамлаи интиҳорӣ раисиҷумҳури пешини Афғонистон, раиси Шўрои Олии Сулҳи ин кишвар Устод Бурҳониддин Раббонӣ  дар сини 71-солагӣ ба шаҳодат расид.Ин ҳамлаи ноҷавонмардонаи ашрор дар Кобул, дар манзили истиқомати устод Бурҳониддин Раббонӣ ба вуқӯъ пайваст.

Устод Бурҳонуддини Раббонӣ аз тоҷикони сернуфуз Дар Афғонистон буд, ки соли 1940 дар Файзабоди Бадахшон-шимолу шарқи Афғонистон ба дунё омадааст. Соли 1963 дараҷаи профессори Донишгоҳи Кобулро дар риштаи ҳуқуқи ислом ва фиқҳ ба даст овард. Дар риштаи фалсафаи ислом фориғуттаҳсили Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буд. Баъди табаддулоти Довудшоҳ дар соли 1973 ба Пешовари Покистон ҳиҷрат намуда, дар набардҳои мусаллаҳонаи ҷанги Афғонистон алайҳи Шўравӣ дар солҳои 1979-1989 саҳми боризе дошт. Ў фармондеҳи як гурўҳи муҷоҳиддини афғон дар ин ҷанг буд, ки шумораи он аз 20 ҳазор бештар буд. Моҳи майи соли 1992 ба Кобул баргашт ва бар асоси Созишномаи Пешовар раёсати ҳукумати мувақатии Афғонистонро ба дўш гирифт. Дар декабри соли 1992 президенти Афғонистон интихоб шуд ва ин масъулиятро то декабри соли 2001, ки аз мақоми президентии Афғонистон истефоъ дод, бар дўш дошт. Аз соли 1996 ба таври расмӣ яке аз пешвоҳои Иттиҳоди Шимол (нерӯҳои муқовиматӣ, ки алайҳи Толибон мубориза мебурданд) буд.Соли 2010 ба симмати раиси Шўрои Олии Сулҳи Афғонистон интихоб шуда буд. Ҳизби ҷамъияти исломии ў аз аҳзоби сернуфузи Афғонистони муосир ба шумор меравад. Устоди зиндаёд аз соли 1972 то дами марг сарварии ин ҳаракати сиёсиро ба зимма дошт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!