Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

Пиёдагарди 71-сола дар маркази пойтахт зери чархи мошин монд

13 октябр 2011, 06:26

Ду сониҳаи нақлиётӣ дар Душанбе бойиси марги ду нафар гардид.


Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба «Озодагон» иттиллоъ доданд, рӯзи гузашта тахминан соати 13:30 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ронандаи автомашинаи «Опел астра» Саиднуриддин Ибронови 26 сола аснои ҳаракат ба кӯчаи Ҳофиз Шерозӣ пиёдагард Саидалӣ Бӯриеви 71 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, пас аз як соати ба беморхона интиқол ёфтанаш ба ҳалокат мерасад.

Ба иттиллои манбаъ, шоми дирӯз тахминан соати 18:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес бенс» Рустамҷон Саидови 30 сола ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи Айнӣ бо автомашинаи тамғаи ВАЗ «21- 013» таҳти идораи Аслам Азимови 41 сола бар мехурад. Дар пайи ин садама, мусофири автомашинаи ВАЗ Мумин Розиқови 46 сола дар маҳалли ҳодиса мефавтад. Сарнишинони ҳар ду нақлиёт  ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Тибқи иттиллои расида, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расида, 15 тани дигар бо захмҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта ба касалхона интиқол дода шудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!