Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:05

«БОР» ҳам Тоҷикистонро осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ хонд

13 октябр 2011, 08:18

Бонки Осиёии Рушд як гурӯҳи бонуфузи байналмилиро ба Тоҷикистон даъват кардааст.


Ба ин ҳайат иқтисодчӣ -Николас Серебро, иқлимшинос - Ричард Ҷонс, пиряхшинос – Владимир Айзен ва коршиноси захираҳои об -Деклан Конвей шомил буда, барои омӯхтани таъсири тағйирёбии иқлим ба Душанбе ташриф меоранд. Тавре аз ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба хабаргузории  «Озодагон» иттилоъ доданд, гурӯҳи мазкур дар доираи сафараш ба ҳавзаи дарёи Панҷ рафта, бо мардуми маҳаллӣ, кишоварзон, коршиносон ва масъулин оиди шӯршавии заминҳо, хушксолиҳо, обхезию селҳо сӯҳбат кардаанд. Ин гурӯҳ пешбинӣ мекунад, ки бо мурури болоравии харорат ҳодисаҳои хушксолию обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ афзоиш хоҳанд ёфт.

Гуфтанист, ҳадаф аз ташрифи ин гурӯҳ бештар кардани самараи маблағҳои чанд миллиона, ки ҳамасола барои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон равона мешавад, арзёбӣ мегардад. Коршиносони дар натиҷаи омӯзишҳояшон Тоҷикистонро дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардаанд.

Ҷоҷӣ Токешӣ, мудири дафтари душанбегии БОР, дар Тоҷикистон тағйирёбии иқлимро таҳдиди ҷиддӣ барои рушди иқтисодӣ ва инсонӣ унвон кард. Ӯ мегӯяд, натиҷаи тадқиқоти коршиносони даъватшуда  барои мутобиқати Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим истифода хоҳад шуд. Таҳлилгарони бонк таъкид кардаанд, ки бояд масоили тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мавриди омӯзиши бештар қарордорад, зеро ба гуфтаи онҳо аксари мардум дар ин бора тассаввуроти кофӣ надоранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!