Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:45

Кӯлоб: Ронандаи раис соҳиби хонаи дуюм гардида, муовини аввали раис дар меҳмонхона аст

13 октябр 2011, 10:06

Раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов хонаи давлатиеро, ки барои кормандони ҳукумати маҳаллӣ пешбинӣ гаштааст, барои як кормандаш супоридааст.


Ин дар ҳолест, ки ронандаи раис дар маркази ноҳия хонаи истиқоматӣ дошта, то замони сари қудрат омадани ҷаноби Икромов зиндагонӣ доштааст. Аммо дар ҳукумати ноҳия 3-нафар аз кормандон бо шумули муовини аввали раиси ноҳия, мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва мудири шӯъбаи  маънавиёт аз рустои дурдасти ноҳия будаанду манзили зист надоранд ва дар меҳмонхонаи идораи коммуналӣ ба сар мебаранд.

Гуфта мешавад, хонаи давлатӣ бо маблағгузории ҳукумати марказӣ бунёд ёфта, барои раисони ноҳия ва муовинону мутахассисон, ки аз навоҳии дигар ба кор омада, дар маркази ноҳия манзили зист надоштаанд, пешбинӣ шудааст, на барои мардуми бумӣ. Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси ноҳия Исломшоҳ Шоев беш аз 5-сол аст, ки дар як утоқи меҳмонхонаи тангу ифлос, дур аз зану фарзандон ба сар мебарад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!