Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Шаҳодатномаи байналмилалӣ ба варзишгарону мураббиён тақдим гардид

13 октябр 2011, 10:14

Як гурӯҳ мураббиёну варзишгарони тоҷик пас аз фаро гирифтани давраи тамринотиву таълимии 13-рӯза соҳиби шаҳодатномаи вижа гардиданд.


Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, бо мақсади баланд бардоштани малакаву таҷрибаи варзишии мураббиён ва варзишгарон дар риштаи варзиши сабук аз таърихи 30-юми сентябр то 13-уми октябр дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимӣ бо иштироки намояндаи ҷумҳурии Қазоқистон Александ Кругликов -эксперти байналмилалӣ  баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 30 варзишгар ва мураббиёни ҷавон иштирок намуданд. Машғулиятҳо ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ ҷараён гирифтанд.    Тибқи иттилои манбаъ, семинар қабл аз зӯҳри имрӯз ба анҷом расида, аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзиши сабук дар якҷоягӣ бо кумитаи миллии олимпӣ ба иштирокчиёни он сертификат тақдим карда шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!