Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:10

Тайланд зери об мондааст, шумораи ҳалокшудагон ба 280 нафар расид

13 октябр 2011, 10:50

Обхезии шадид дар Тайланд мунҷар ба марги даҳҳо нафар гардид.


Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, бар асари зиёд шудани боришот ва баланд гаштани сатҳи оби рӯдхонаҳо 280 кас ҳалок шуда, теъдоди зарардидагон ҳадди 3 миллионро убур кард. Маврид ба тазаккур аст, ки ин ҳаводис аз моҳи июл ба ин сӯ Тайландро дар гирдоб андохтааст.

Дар ҳоли ҳозир аз се ду ҳиссаи Тайланд зери об монда, корхонаву муасисаҳо, манозили истиқоматӣ, заминҳои корами шолӣ дар муҳосираи селу сангобанд. Даҳҳо заводу фабрик дари худро ба рӯи коргарон бастааст, шоҳроҳои муосири замонавӣ корношоям гашта, хисороти ворида марзи миллиардҳо долларро кайҳо убур кардааст.

Ҳамзамон, филиали ширкати автомобилсозии «Тойота»-и Ҷопон ва ҳолдинги бузурги  ройонасозии амрикоии мавсум ба  "Уэстерн диҷитол", ки дар Тайланд фаъолият дошт, дигар амал намекунанд. Айни ҳол 26 музофот дар шимолу шарқ ва қисми марказии Тайланд зери об  мондаанд, қисмати ғарбӣ ва шарқии Банког низ таги об шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!