Бахшҳо

Суғд: Хабарнигори «Нури зиндагӣ»-ро 14 сол зиндон карданианд

Пас аз зӯҳри имрӯз (14-уми октябр) ҳукми хабарнигори боздоштшуда дар шимоли Тоҷикистон эълом хоҳад шуд.


Тибқи иттилои Саодат Атоева, раиси мурофиаи додгоҳии журналист Муҳаммадюсуф Исмоилов, ахиран дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд сухани охирини рӯзноманигор шунида шуд. Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов худро гунаҳкор нашуморида, иброз доштааст, ки матлабҳои дарҷнамудааш далелу арқоми кофӣ доранд. Хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” зимни сухани ниҳоӣ дар додгоҳ боздошти худро амре ба хотири ҷилавгирӣ аз ошкорбаёнӣ ва озодии воситаҳои ахбори омма номид.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои журналистон низ гуфт: "Нафари таҳти ҳимояи ман мақолаҳое навиштааст, ки барои рушди ҷомеаъ мусоидат мекунанд ва нисбат ба ягон мақоми ҳукумати ноҳияи Ашт хусумат ва ҳадафи таҳқир ё тӯҳмати онҳоро ҳам надошт. Вай танҳо хоста буд, он камбудҳои воқеии ҷомеа, ки дар мақолаҳояш бозгӯ кардааст, ислоҳ шавад». Алъон, дар додгоҳи Табошар баррасии парвандаи журналист идома дорад ва чанд рӯз қабл намояндаи додситонӣ барои Исмоилов 16-соли маҳбусӣ талаб карда буд.

Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи июни соли равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома ҳамон вақт эълом дошт, ки сабаби боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.

Зимнан, кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ИЖТ ва соири дигар ташкилоту ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон  боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба маводи интишоркардаи ӯ рабт медиҳанд ва хостори озодии ӯ гаштаанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)