Бахшҳо

Ҷоизаи ҷаҳонии овозхони тоҷик ва ифшои қонуншиканияш дар Ватан (ВИДЕО)

Шоҳрух Юнусов, овозхони 17-солаи тоҷик, ки барандаи чандин озмунҳои байналмилалии Осиёю Аврупо аст, дар озмуни "Мейкин Азия" миёни намояндаҳои 20 кишвари ҷаҳон мақоми сеюм гирифтааст.

Гран-прии Озмуни байналмилалии "Мейкин Азия", ки охири ҳафтаи гузашта дар соҳили Исиқкӯли Қирғизистон ҷамъбаст гардид, Наталя аз Баҳрайн, мақоми аввалро-Лидия Исак аз Молдова, Роза Карапетян аз Арманистон, мақоми дуюмро - Адолат Азимов аз Қирғизистон, Николай Манолов аз Булғористон, мақоми сеюмро - Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон, Яшар Юсупов аз Озарбойҷон ва Муқомбет Оқсай аз Қирғизистон, соҳиб шудаанд. Юнусов дар ин озмун суруди “Республикаи ман” ва як суруди дигари туркиро пешниҳоди тамошобинон кардааст.

Шоҳрух Юнусов, ки ҷавонтарин овозхони ин озмун будааст, дар суҳбат бо расонаҳои қирғизӣ изҳор доштааст, ки баъди хатми мактаб дар зодгоҳаш-шаҳри Конибодом таҳсилашро дар консерватория идома хоҳад дод: “Маро дар коллеҷи туркии Фотеҳ ва академияи Белкантои Милан, ки устодам Адҳам Холиқов он ҷо роҳбари бадеӣ аст, интизоранд. Дар мавриди он, ки ба кадоме аз ин муассисаҳо дохил мешавам, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаам”.

Юнусов инчунин изҳор доштааст, ки ронандагиро дӯст медорад ва гарчанде ҳуҷҷати ронандагӣ надорад, пинҳонӣ бо мошини падараш дар шаҳри Конибодом сайругашт мекунад: “Бе ҳуҷҷати ронандагӣ пинҳонӣ мошини падарамро идора мекунам. Дар шаҳри мо мошинҳо дар роҳҳо каманд ва милисаҳо низ зиёд нестанд”.


Видеои озмуни "Мейкин Азия":

Мӯҳр
Офарин! Қандата зан бо ин овозат! Фахри тоҷикони! Барои чи дар эфирҳои мо нест? Чунки эфир ҳам бо шиносои ва пул меистад!

Низомиддин
Офарин, Шохрух! Саломати, камоли эчоди ва муваффакиятхо орзумандам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)