Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:30

Нахуствазири Тоҷикистон бо вазъи корхонаи Адрасмон аз наздик ошно гардид

14 октябр 2011, 06:34

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос гардида, бо роҳбарияти вилоят мулоқот кард.


Тибқи иттилоъ, Оқил Оқилов  бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят ошно гардида, ба мутахасссисону масъулини соҳа ҷиҳати самаранок истифодабарии захираҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод. Сипас, сарвазири мамлакат ба корхонаи маъдантозакуниии  Адрасмони шаҳри Қайроққум омада, бо вазъи корхонаи мазкур, ки дар коркарди маъданҳои нодир аз корхонаҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аз аз наздик шинос гардид.

Бино ба қавли сарчашма, Оқил Оқиловро дар ин сафар раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҳамроҳӣ намуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!