Бахшҳо
29 июл 2015 11:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Умед Давлатзод дар бораи содироти маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар (ВИДЕО)

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, чор корхонаи фаъол дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба содироти маҳсулоташон ба хориҷи кишвар шурӯъ кардаанд.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар нишасти хабарие чоршанбеи 29 июл гуфт, ин корхонаҳо маҳсулоти худро асосан ба ҳамсоякишварҳои Афғонистону Қирғизистон содир мекунанд: “Стар-Пласт” қуттӣ ва қубурҳои пластикиро ба Қирғизистон содир мекунад. Хокаҳои сохтмонӣ ва рангу бори "Силкоат-Бойя", ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия ба Қирғизистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Русия интиқол мешаванд. Дар шаш моҳи ахир ин ширкат ба маблағи қариб ним миллион доллар маҳсулот содирот кардааст. “Тоҷ-проф” ба маблағи 121 ҳазор доллари амрикоӣ профилҳои алюминиро ба Қирғизистону Афғонистон иниқол додааст. “Реал” ба маблағи наздики 200 ҳазор доллар ба Узбакистону Қирғизистон маҳсулоти содиротӣ истеҳсол кардааст”.

Оқои Давлатзод мегӯяд, феълан се минтақаи озоди иқтисодии кишвар -- Суғд, Данғара ва Панҷ бо иҳотабандӣ таъмин гашта, гузаргоҳҳои гумрукии онҳо фаъол шудаанд: “Тасмим доштем, гузаргоҳи гумрукии минтақаи озоди иқтисодии Ишкошимро моҳи оянда мавриди истифода қарор диҳем, вале мутаасифона офатҳои табиии ахир ин корро ба таъхир андохт”.

Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба таври намоён суръати рушд дорад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ санги асоси се корхонаи дигар дар ҳудуди он гузошта шуд: “Дар назар аст, бо амалӣ гаштани ин се лоиҳа ҳудуди 5 ҳазор ҷои нави корӣ ба вуҷуд биёяд”.

Умед Давлатзод афзуд, ҳаҷми сармоягузорӣ дар маҷмӯъ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ 98 миллион сомониро ташкил додааст.


ВИДЕОИ суҳбати Умед Давлатзод дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)