Бахшҳо

Э.Раҳмон: Бунёди нерӯгоҳи "Себзор" осон нест, вақт, маблағ ва заҳмат металабад (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми июл дар ноҳияи Роштқалъа бо гузоштани санги асос ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» оғоз бахшид, ки дар назар аст, аз ҷониби Хазинаи Оқохон бунёд гардад.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Роштқалъа изҳор доштааст, ки нерӯгоҳи «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки аз ин ҳисоб боз 60 миллион киловатт-соат дар як сол қувваи барқ истеҳсол гардида, истеҳсоли барқро дар вилоят 28 фоиз афзун намояд: “Дар баробари сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Себзор - Хоруғ” ба масофаи 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин боиси минбаъд баланд шудани эътимоднокии таъминоти барқ тавассути шабакаи марказӣ хоҳад шуд”.

Раисиҷумҳур афзудааст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ва хатҳои интиқоли барқ бо пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқии мавҷуда беш аз 180 миллион сомонӣ равона карда мешавад: “Барои гузаронидани асосноккунии пурраи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» моҳи июни соли ҷорӣ озмун баргузор гардида, дар назар аст, ки дар бунёди он асосан аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешавад ва баъд аз фаъол гардидани нерӯгоҳ даҳҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд. Ба кор андохтани нерӯгоҳи мазкур норасоии қувваи барқро фасли зимистон дар вилоят бартараф намуда, имконияти Тоҷикистонро дар масъалаи содироти қувваи барқ ба минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзоиш медиҳад”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки сохтмони нерӯгоҳ кори осоне нест, ки дар як муддати кӯтоҳ анҷом дода шавад: “Барои ин, албатта, вақт, яъне муҳлати чор–панҷсола, маблағ ва муҳимтар аз ҳама, заҳмати аҳлонаву софдилонаи мутахассисону коргарон ва умуман мардуми вилоят ва ноҳия зарур аст”.

Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ, ШУМО ГАМХОРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ МЕБОШЕД.

Рахмат ба Чаноби Оли. Худо хохад хама гушаву канори мамлакатамон охиста охиста рушд мекунад. Факат хамин душманони дохиливу хоричиро нест кардан даркор. Амният бошад хамаш нагз мешавад.

зарафшони
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)