Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Таваррум дар Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар ИДМ аст

14 октябр 2011, 08:17

Мизони аз ҳама баланди таваррум дар бозори истеъмолии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тоҷикистон ва Белорусия ба қайд гирифта шудааст.


Тибқи иттилои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, нишондоди таваррум аз аввали сол дар Белорусия 53,6 дарсад ва дар Тоҷикистон 8,5 фоизро ташкил додааст. Зимнан, сатҳи таваррум дар Қазоқистон 5,9, Қирғизистон 5,6, Молдова  4,8, Русия  4,7 ва дар Украина ба 4,1 фоиз арзёбӣ мешавад. Мизони пасттарини таваррум бошад, дар Озарбойҷон-2,4 фоиз ва Арманистон-0,2 фисад ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна сатҳи таваррум дар кишварҳои узви давлатҳои ҳамсуд таи моҳҳои январ-август ба 6,6 фоиз баробар шудааст. Масъулини Тоҷикистон сатҳи баланди таваррумро ба болоравии нархи маводи озуқа дар бозори ҷаҳонӣ ва афзоиши боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия рабт медиҳанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!