Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Тимошенко аз кӯмаки тиббӣ бархӯрдор мешавад

14 октябр 2011, 08:32

Додгоҳи ноҳияи Печер ба табибон иҷозаи ташхиси вазъи саломатии Юлия Тимошенкоро додааст.


Тимошенко ба ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд ва феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Лукянов ба сар мебарад.

«Ба Тимошенко дар ҳудуди СИЗО машваратҳои тиббиро кормандони муассисаҳои саломатии Украина, қисми тиббӣ-санитарии СИЗО ва табиб Николаев мерасонанд»,-гуфтаанд аз хадамоти давлатии маҳрумият аз озодии Украина. Ба иттилои ин ниҳод «вазъи ҳуҷрае, ки Тимошенко нигоҳдорӣ мешавад аз нигоҳи фаннӣ ва санитарӣ қаноатбахш буда, аз ҷониби собиқ нахуствазир ба раҳбарияти СИЗО дар ин бора шикояте ворид нашудааст». Ёдрас менамоем, се рӯз қабл додгоҳ Юлия Тимошенкоро бо иттиҳоми қарордоди барои Украина беманфиати интиқоли газ бо Русия 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ҳамчунин, собиқ нахуствазирро ҳудуди 200 миллион доллари амрикоӣ ҷарима бастанд. Ин қарордод соли 2009 имзо шуда буд. Вакилони дифои Тимошенко дар садади шикоят бурдан аз болои ҳукми суди Печери Киев ҳастанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!