Бахшҳо

ВИДЕО: Поёни ҳамоиши машваратии Душанбе

Ҳамоиши машваратии умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои башардустӣ, ки тайи се рӯзи ахир дар Душанбе идома дошт, ба кори худ хотима бахшид.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки 200 намоянда аз 16 давлат ва ташкилоту идораҳои байналмилалӣ як даври Ҳамоиши умумиҷаҳонии башардӯстӣ аст, ки 23 ва 24 майи соли 2016 бо ҳузури дабири кулли СММ дар Истанбули Туркия баргузор мешавад.

Гюн-ва Кан, ёвари дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардустӣ доир кардани чунин машваратҳоро имкони хуби пайдо кардани роҳҳалҳо барои бартараф сохтани норасоӣ ва мушкилоти ашхоси аз офатҳои табиӣ ё низоъҳо зарардида хонд. Хонум Кан дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, машваратҳои Тоҷикистон як қисмати ҷараёни бузургест, ки дар самти кумак ба зарардидаҳо оғоз шудааст: “Ин ҳамоиш барои ҳалли мушкилоти мардуме дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ равона шудааст, ки зери таъсири буҳронҳо ҳастанд”.

Ин намояндаи СММ аз офатҳои табиии Тоҷикистон ёд оварда гуфт, солҳои охир ҷаҳон зиёд шоҳиди чунин офатҳо шудааст ва барои пешгирии он фаъолияти дастаҷамъона зарур аст.

Хонум Кан аз меҳмоннавозӣ ва роҳандозии шароити хуб ҷиҳати баргузории ҳамоиш аз ҳукумати Тоҷикистон изҳори ташаккур карда гуфт, “мутаассифона имкон надоштам аз шаҳри Душанбе дидан кунам, вале нақша дорам, ба тамошои обанбори Норак биравам”.

Доктор Ҷамила Маҳмуд, дабири кулли ҳамоиши машваратӣ оид ба масъалаҳои башардустӣ мегӯяд, дар доираи конфронс се мавзӯи муҳим -- офатҳои табиӣ, низоъҳо ва гурезаҳо баррасӣ гардидааст. Ӯ гуфт, “агар дар доираи чунин чорабиниҳо намояндагони ҳукумат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, сохторҳои СММ ва хусусӣ гирди ҳам биёянд, пайдо кардани роҳҳалҳо соддаву осон мешавад”.

Ҳаштумин Ҳамоиши машваратии умумиҷаҳонии башардӯстона дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, охирин ҳамоиши машваратӣ ва заминагузории рӯзномаи Ҳамоиши умумиҷаҳонии башардустӣ мебошад, ки тайи ду рӯз (23-24 майи соли 2016) Дар пойтахти Туркия баргузор мешавад.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)