Бахшҳо

ВИДЕО: Генпрокуратура дар бораи “парванда”-и Кабирӣ ва ҳамкорӣ бо "Мулло Абдулло"

Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, феълан алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Абдулҳасанов, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “бевосита нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта наметавонем, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, лекин прокуратураи генералӣ дар мавриди хусусигардонии ғайриқонунии як бемористон, ки дорои 500 кат мебошад ва ғайриқонунӣ ба фуруш баровардани қитъаҳои замини ин иншоот санҷиш бурда истодааст ва феълан тафтиши пешакӣ идома дорад”.

Ин масъул дар мавриди қонуншиканиҳои аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ки то ҳол ошкор шудаанд, изҳор дошт, бисёрашон ҷиноятҳои махсус вазнин мебошанд: “Аз 45 ҷинояте, ки дар 5 соли охир ошкор шудаанд, 17 ададашон ҷиноятҳои махсусан вазнинанд, ки хусусияти экстремистӣ террористӣ доранд. Аз ҷумла куштори 25 сарбози 18-20-сола дар Рашт аз ҷониби гуруҳи “Мулло Абдулло”, ки бо кӯмаки раҳбари ҲНИТ дар Рашт содир шудааст. Номбурда ҳангоми расондани маводи тарканда ба гуруҳи Мулло Абдулло дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд”.

ВИДЕОИ суҳбати Абдулҳасанов дар бораи ҳамкории масъулини ҲНИТ бо террористон

Ин иддао дар ҳолеянд, ки ахиран “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.

Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
Хусусигардонии беморхонаи дорои 500 кат? Э вохима кардед-дааа

Али
Барои чӣ аз соли 1999 то имрӯз инро ошкор накарданд ё ки аз Кабири хайф доштанд. Ин як бозиҷаи дасти беруна мебошад. Охир заминро ба қарори Кабири фурухта нашудааст ку. Дар ин ноҳия раиси ҳукумат,раиси ҷамоат,раиси кумитаи идора замин,ки оид ба ҷудо намудани замин ба ҳукумати ноҳия пешниҳод мекунад.Инҳо агар ин корро накарда бошанд ки ин корро ба анҷом расонидааст. Дар ин кор Кабири одами охир мебошад ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

ааа
Делои чинояти оид бо Кабири. Кабири соли 1997 дар шахри Москва гайри конуни Точикистон семичка ва гарох фурухта аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)