Бахшҳо
31 июл 2015 12:36Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Палатаи ҳисоб: Президент аз “гумшавӣ”-и маблағҳои зидди СПИД нигарон аст

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, гумшавии маблағҳои грантии Бунёди глобалиро, ки барои мубориза зидди СПИД ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ҷудо шудаанд, мавриди санҷиш қарор доданд.

Давлатзода имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин масъала боиси нигаронии раисиҷумҳури Тоҷикистон низ шуд: “Мо санҷиш гузарондем ва камбудиҳо дар ҳаҷми 92,7 ҳазор сомониро ошкор шуд. Як қисмаш барқарор шуд ва барои барқарор намудани қисмати боқимонда ба Додситони кул санад пешниҳод шудааст”.

Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, бо натиҷаҳои санҷиши байналмилалӣ, ки камомад дар ҳаҷми 116 ҳазор доллари амрикоиро ошкор кардааст, шинос шуданд, аммо зимни санҷиш ҳамагӣ 92,7 ҳазор сомонӣ зарарро ошкор кардаанд: “Камомад асосан дар самти корҳои ташкилӣ тарғиботӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории СПИД ошкор гардид”.

Давлатзода бо ишора ба воқеияти Тоҷикистон илова намуд, ки харҷи ин маблағҳо алайҳи ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории СПИД самараи хуб надода истодааст: “Аз хулосаи санҷишҳои байналмилалӣ ҳам бармеояд, ки чаро маблағҳо сарф мешаванду ин беморӣ ба ҷои он, ки кам шавад, зиёд шуда истодааст. Мо дар ин бора ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ тавсияҳои худро ироа кардем”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) эълон кард, аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ тариқи Барномаи рушди Созмони Милал ба Кумитаи ҷавонон ҷудо кардааст, 116 726 доллари он тариқи сохтакорӣ ва тақаллуб харҷ шудааст. Дар пайи ин эълон Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз ниҳодҳои дахлдор дар мавриди харҷи 116 ҳазор доллар, ки барои мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ҷудо шудааст, шарҳ талаб кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)