Шарҳи ВКД дар бораи тирпаронии маргбор дар Рӯшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия тирпаронии маргбори рӯзи 29-уми июлро дар маркази ноҳияи Рӯшон шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод тирпаронӣ, ки бо марги Кименов Бадавлат, донишҷӯи 20-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ анҷомидааст, баъди авбошии гуруҳи 9 нафарии сокини Рӯшон сар задааст: “Рӯзи 29.07.с.2015, тахминан соати 01:00-дақиқа дар назди “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Рӯшон шаҳрвандон: Фарҳодов Наҷиб соли таваллудаш 1992, Акобиршоев Сиёвуш, соли таваллудаш 1996, Рӯзадоров Раҳмат соли таваллудаш 1995, Кименов Бадавлат соли таваллудаш 1995, донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун, Шакарбеков Хушбахт соли таваллудаш 1987, Хушқачинов Шоҳхуррам соли таваллудаш 1997, Фатҳуллоев Алишер соли таваллудаш 1993, Юсуфшоев Арун, соли таваллудаш 1985 ва Сардоров Тавакал соли таваллудашон 1989, сокинони ноҳияи Рӯшон, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-Крузер”, Ёқубов Асрат соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Барӯшонро лату кӯб намудаанд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Ёқубов дар пайи латукӯб ва бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ аз хонаи истиқоматиаш тапончаи тамғаи “Макаров”-ро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ мекунад: “Дар натиҷа шаҳрванд, Кименов Бадавлат, донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, аз қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ин ниҳод таъкид мекунад, феълан шаҳрвандони зикршуда бо иттиҳоми авбошӣ ва Ёқубов Асрат, ронандаи мусофиркаши хатсайри Душанбе-Рушон бо иттиҳоми куштор боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд: “Далели шайъӣ силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |