Бахшҳо

Идомаи маблағситонӣ аз симкортҳо ва маслиҳати Раҳимзода: Ба суд равед...

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми август ситондани 80 дирамро аз симкортҳои фаъол дар кишвар идома доданд.

Масъулини Хадамоти алоқа, ниҳоди зертобеи Бег Зуҳур, ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ карданд, ки ҷамъоварии 80 дирам аз ҳар симкорт дар асоси пешниҳоди онҳо дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ амалӣ шуда, дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст. Ҳуқуқшиносони Хадамот иддаоро, ки ин ниҳод бе тасдиқи парлумон ҳақ надорад, аз муштариён 80 дирамӣ ситонад, беасос хонда, изҳор доштанд, ки ин иқдом бар пояи қонуни кишвар дар бораи алоқаи барқӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Раҳимзода Маҳмадзабир, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон дар ин робита ба “Озодагон” гуфт, афроде, ки аз ҷамъоварии ин маблағ норозиянд, ҳақ доранд ба суд муроҷиат кунанду аз ҳаққи худ дифоъ кунанд.

Раҳимзода, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” дар робита ба 80 дирамситонии Хадамоти алоқа изҳор дошт, “дар замони муосир ҳама гуна муносибатҳо дар асоси шартнома мебошанд. Аз ҷумла шартномаҳои оммавӣ, ки ба ин масъала ва газ, барқ, нафту ғайра тааллуқ дорад. Аз як тараф ман метавонам аз телефон истифода набарам. Аммо муносибат бояд шартномавӣ бошад, агар Шумо аз фаъолияти ширкатҳо ризо набошед, метавонед ба суд муроҷиат кунед, қонун манъ накардааст”.

Раиси Маркази миллии қонунгузорӣ аз он интиқод намуд, ки миёни мардуми кишвар одат шудааст, ки ҳифзи ҳуқуқро бо воситаи суд сарфи назар мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки на ҳама қонун адолатнок аст ва барои он, ки таҳлил шавад, мардум бояд аз ҳақаш дифоъ кунад.
Мӯҳр
Бале мухтарам Рахмизода дуруст кайд кардед агар Бег Зухур камтар аз руй вичдон ва конун рафтор кунад бояд бо хар як муштари шартномаи ситонидани 80-дирамро бандад ,дар холате,ки парлумон тасдики конун карда бошад,бовар кунед хандаовар аст наход Агенти зидихинсори ба хукуки инсон низ кор дошта бошад хооооооой Агенти инсон тарофа нест ,ки ту уро пасту баланд кардан гири камтар каллаатро кор фармон камтар аз Худо тарсед дигар беинсофи намонд........... чоп кун бас куна найран бозиро.........

изатулло
Акаи Рахимзода агар хамин пули 80дирам чамовари мешавад харсол 5то 9ошиена сохта шавад. Ба муалимон оилахои камбизоат дода шавад. Ман бовари дорам аз 80 то
90% муштари розиянд.

Д
Агар мо хам мисли халкхои хукукталаб хакталаб акалан як хафта аз телефонхои мобили истифода намебурдем, якаме шояд ширкатхои мобили инсоф мекарданд!
Аммо ба гумонам инчо натанхо ширкатхои мобили айбдоранд, балки чи гапу чапе хасту бори конуну андоз мекунанд!
Бо хами мардуми бечора да бало гирифторем! Якам маош боло меравад, ки бо через болоравии нархи свет, об, рохкиро, телефон..... абратна мегардад

о у нахангои бахри мо мохичахои да даруни чуйборро пачак мекнан ин корро бояд давлат кунад

Ана хуллоса! О Давлат аз шахрванд бояд дифоъ кунад. Агар Шумо норози бошед ва ба суд дихед албатта боз Шуморо суд пачак мекунад зеро касе ки пул дорад дар мурофиахои суди албата у бурд мекунад. Ин чо бо мурочиати мардум ДАВЛАТ бояд аз шахрвандони худ дифоъ кунад.

Чабан стрелял пуля кабель папал

Салом алейкум. ман як шахрванди Чумхури Точикистон хастам.Аслан гуем ман аз ширкатхо сад дар сад розиям бахусус аз ширкатхои TCELL ВА BABILON-M. Яке аз ширкатхои бонуфузи Чумхуриамон мебошанд.Хизматрасонихои ин ду ширкатхо хело боло аст. Вале суол ба миён меояд, ки чаро дар хамин сол яъне соле ки бухрон аст дар тамоми Чумхури ва бурун аз он? Хади акал 50 дирам МЕКАРДЕД! Ва баъд каме хам бошад фикри шахсони камбизоатро бикунед.Чун , ки тавасути ин телефон ё ин симкорт ба фарзандеки дар мухочир аст аз дехот занг мезананд ё ин ки фарзанд ба онхо.Фикр мекунам 80 дирамхам ин маблаг аст.Ба касе ин 80 дирам 1 нон мебошад....Мехохам Чумхкрии Точикистон яке аз давлатхои пешрафта ва хайрхохи одаму олам гардад.Боки сарбаланду хонаобод бошед.

amir
salom
in korhoro ba misli bozicha mebinam, az yak taraf ba dushi inash meguzored va digaron ba ushi inash va boz memonad bechorai kambagal zeri lagadi kalonho va tamomi harakoti hukumatdoron ba dushi yakdigar partoftanu kisai khudro pur kardan bo har bahona.
agar mushtari ba sud murojiat kunad tamom balo dar sarash meoyad bo khudi u az chand huququ ozodii shahrvandi mahrum yo tahqir shuda bar megardad tamomvassalom haminqadar peshraviro dorem davlati demokrati?!

ба кадом суд? Мухтарам! ин хел нахангхоро факат ба ГААГА!

Шахбоз
Конуна барои манфиати худ чазир карда монден. Айба наднен. Хай морам мефахмем бояд писарони шумо опел не РенЧ ровер ронанд. бояд кайфу сафо дар дигар кишвархо кунанд барои ин хамаш пул даркор. Баъд аз халк грфтан мегирен. Хеч гап не , рузе мешава барои 80 дирам чавоб меген.

махмадзабир гуфта бошад ба суд мурчиоат намоед яне ин маблаг гайриконуни мебошад. хамин хел не.

Sa
Мухтарам Раиси алока ин 80 дирамие ки шумо меситонед на барои барку набарои хизматрасонист. Ин танхо барои барои он аст ки чаноби Оли ба т дастур дод ки 2 бинои агар хато накнм 18 ошиена бсоз а т чикор карди Ай пеши хдт конун броварди хар мо 80 дирам ситонида шавад. Агар 3 милон муштари бошад хар мох зиеда 2 400 000 кор мекнен. Айб аст айб каматар инсоф гуфтани чиз хаст шумода Е не

Ман ҳоло нашунидам, ки судҳои Тоҷикистон дар мурофиа тарафи идораҳои давлатиро монда, ҷонибдори шаҳрванд шуда бошад. Дар ин бора сафсата назанед ҳам мешад. Ин 80 дирам андоз аст. Хазинаи ҳукумат тиҳӣ (холӣ) шуда. Акнун намедонанд бо кадом восита ва ҳилаву найранг онро пур кунанд. Дар бозору мағозаҳо дастгоҳи чекдиҳад (кассовий аппарат) гузоред, ана мебинед, ки ба хазина андоз дарё барин меояд. Ҳоло андоз ба хазина не, балки ба кисаи маъмурони андоз меравад. Инро фақат шахси кӯр намебинад. Фасоду фасодкориро бас кунед. Он гоҳ аробакашиву талбандагӣ намекунед. Шумо фикр накунед, ки дар атроф ҳама гӯлу аҳмақанд. Ҳар як кору ифлоскориатон таҳқиқу таҳлил мегардад.

Мухтарам Рахимзода! Шумо хуб медонед, ки суд хеч гох тарафи мардумро намегирад МАХСУСАН ДАР Точикистон. Агар дар Точикистон суд, чи хеле ки дар кониституция мегуяд, озод мебудану бе ягон гараз кор мекардан, ин амри баромада то суд нарафта хали худро меёфт, чунки хаммаи расонахо оиди норозигии ин амр аз тарафи омма гузоришхо чоп кардаанд. Лекин афсус хар амре дар Точикистон хох адлона ё но адл бошад, агар аз боло барояд, гуфти руссхо "обсуждениям не подлежит".

0, 80 ×12=9, 6сомони мешавад, дар як сол.
Мухтарам коргарони давлат агар шумо моро дастгири накунед ,пас мо чи тавр ба суд мурочиат мекунем .
9, 6-сомон дар як сол гуфта , аз кор монда таги дари суд ва суд бози карда мегердем. Мумкин аз 9, 6-сомони харочот бисёр шавад .
Мухтарам Рамазон Рахимзода ин корхоро шумо метавонед . 9, 6-сомон гуфта таги дари судя сарсону саргардон мешавем ва дар охир боз ба нъафи хамон ширкатхо судро медиханд .
Боз дар охир мегуянд ,хохед истифода баред нахохед не. Дар ин замони таракиёти технология ягон нафар наметавонад ,аз ин мобилхо ё симкортхо даст кашад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)