Бахшҳо
01 авг 2015 15:54Тоҷикистон / CV / Иқтисодӣ

Рӯбарӯ бо Президент: Шартномаи барқ “Каломуллоҳ” нест, ки иваз накунем (ВИДЕО)

Мунир Ҳабиб, раиси Ассосиатсияи моҳипарварони вилояти Бадахшон аз нархгузории қимати нерӯи барқ дар ин минтақаи Тоҷикистон, ки бо назардошти қурби доллар болотар рафтааст, ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар шикоят бурд.

Ҷаноби Ҳабиб рӯзи 31 июл дар вохурии Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Хоруғ гуфт, “ширкати “Помир Энержӣ” аз сокинони Бадахшон ҳаққи барқро бо назардошти қурби доллари амрикоӣ меситонад”.

Ин сокини шаҳри Хоруғ инчунин аз баланд будани нархи неруи барқ дар Бадахшон изҳори норозигӣ кард, ки 18 дирам барои ҳар киловатро ташкил медиҳад. Ӯ дар рӯбарӯи раисиҷумҳур изҳор дошт: “Дар кадом кишваре, ки дар он нафт бисёр аст, бензин арзон мебошад ва дар кадом давлате, ки ҷангал зиёд аст, чӯбу тахта арзон мешавад. Аммо дар мо, ки об қариб мардумро мебарад, нархи як киловат нерӯи барқ 18 дирам аст”.

Ӯ афзуд ин масъаларо бо кормандони ширкати “Помир Энержӣ” низ ба миён гузоштаанд: “Бо кормандони ширкати Помир Энержӣ гапзанон мекунем, мегӯянд, ки мо бо Шумо шартнома дорем. Вале шартнома “Каломуллоҳ” нест, ки ӯро иваз накунем”.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарияти ширкати “Помир Энержӣ”, ки дар ин вохурӣ ҳузур дошт, дастур дод, ба ин масъала дар доираи имкониятҳо расидагӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “Ин масъала бояд дида шавад, чун зиндагии мардуми куҳистон бе ин ҳам мушкил аст”.

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Помир Энержӣ” дар пайи боло рафтани қурби доллар нархи ҳар киловат барқашро бо пули сомонӣ боло бурда буд. Масъулини ин ширкат иқдоми худро ба боло рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон рабт дода, гуфтанд, мувофиқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержӣ», дар мувофиқа бо хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ҳаққи як киловатт нерӯи барқ бо арзи хориҷӣ 2,75 сент барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ 5,16 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар гардидааст: “Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беқурбшавии пули миллӣ нисбати арзи хориҷӣ (доллари амрикоӣ) барои ба танзим даровардани нархи ҳаққи пардохти нерӯи барқ нисбати арзи хориҷӣ тибқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» амал менамояд. Чун қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ то андозае паст рафт, ҳаққи қувваи барқ, агарчи бо доллар бетағйир монд, вале бо сомони қадре баланд рафт”.



Ҳисобукитоби ҳаққи барк бо доллар дар Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.

Ин ниҳоди назораткунанда илова намуда буд, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.

Бонки Миллӣ афзудааст, ки дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Мӯҳр
офарин акаи Мунир бори дигар докозат карди ки мардуми ориёии помир росткавл часур нотарс аст рахмат бар падаратон

Ҳисобдон
Дар Тоҷикистон бояд ҳама нархҳо бо сомонӣ бошад. Давлат набояд шаҳрвандонро тақдирашонро ба Худо ҳавола кунад. Аз ин гуна созишномаҳои шармандавор бояд даст кашад. Шармандаҳо!

офарин ба мардуми бадахшон хама чиза руи рост мегуянд мохо бари не

Абдулло
Боракаллоҳ ҷанобии Мунир Ҳабиб!!! Президенти кишвар ба ноҳияҳо сафар мекунад, ки аз ҳоли мардум бохабар шавад ва мардум камбудиҳоро ошкор кунанд то камбудиҳои халқ бартараф шавад вале мутаассифона раисон ва намояндагони ҳукумат намегузоранд. Фақат ҳолашон таърифкунию достонсароию чоплусӣ пас Президенти кишвар аз куҷо аз ҳоли мардум бохабар мешавад?

Сатор
Офарин!!! Ана мурочиат кардана ба чаноби олира аз ин мардак ёд гиред!

HAMIN HEL SHERMARHO ZIED SHAVAND JAK GAP MESHUDAGIST OFARI OFARIN

Точик
Хаммаш нагзу лекин ин танхо барои сиехкунии Помир энержи аз чониби масъулини ВМКБ мебошад. бояд нархи баркро га Помир Энержи балки барки Точик муайян кунад ва дар тамоми чумхури бояд нарх ягона бошад он 12.6 дираме ки дар дигар минтакахо хаст лн хам зиед аст бояд аз 8 дирам зиед набошад.

ОФАРИН МУНИР ХАБИБ! БАРОИ НОТАРСИ, РОСТГУИ, СУХАНРОНИИ ОЛИ! ВОСХИЩАЕМСЯ ВЫСТУПЛЕНИЕМ!

fayz
офарин мардуми бадахшон - дилу гурда доран ки гапи хака мезананд - на хамду санои подшохира

Ана кандаша занад мардуми хакчую далери Бадахшон. Мо бо чунин рафторамон нигох ба долар пули милиро бе курбу бе кадр мекунем. Об кам шавад кимат мешавад зиёд шавад боз хам. Ба дикататон расонам, ки кормандони газпром киматии нафту газро аз Точикистон арзёби мекунанд. Онхо мегуянд, ки мо ба Точикистону Киргизистон бо як нарх ворид мекунем лекин чаро дар киргиз арзону дар Точикистон кимат аст?

ШЕРИ НАР Ё ХАМААШ СОХТАКОРИ АСТ ТО БИГУЯНД КИ ДАР ТОЧИКИСТОН КАМ КАМ ДЕМОКРАТИЯ АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)