Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

Анҷумани Иттифоқи журналистон ба кори худ оғоз кард

15 октябр 2011, 04:56

Анҷумани 11-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), ки дар толори бинои муҷтамаи табъу нашри «Шарқи Озод» дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард, бо лаҳзаи ёдбуди аъзои фавтидаи ин ниҳоди хабарнигорӣ ҷараён гирифт.


Қарор аст, дар анҷумани навбатии ИЖТ вакилон ва аъзои он мушкили риоя гардидани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, масоили омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ дар муассисаҳои олӣ, риояи озодии сухан ва тамоюли нақзи ҳуқуқи хабарнигорон, мушкилоти эҷоди нашрияҳои бачагона дар Тоҷикистонро ба баррасӣ бигиранд.  Ҳамчунин дар ин ҳамоиш раиси нави Иттифоқи журналистон интихоб мешавад. Ба ҷуз ин иштирокдорон ҳайати раёсатро тасдиқ намуда, аъзои комиссияи назоратии Иттифоқи журналистонро интихоб мекунанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!