Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

2011-05-02 16:07

2 май 2011, 11:07

Намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои Малайзия дар ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду рӯзи охири моҳи апрел дар Кохи Борбад баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ 8 донишгоҳ аз Малайзия ва 3 донишгоҳи ватанӣ иштирок доштанд . Зимнан,  шарту шароити таълим дар донишгоҳҳои мазкур тавассути китоб ва барномаҳои махсуси таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Абдул Азиз, сафири Малайзия дар Ӯзбекистон, ки дар ин намоишгоҳ иштирок дошт  ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки ҳадаф аз ташкил намудани чунин намоишгоҳҳо омӯхтани таҷрибаи якдигар, имконияти беҳтар пайдо кардан барои таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони болаёқат мебошад. Ба иттилои номбурда айни ҳол Малайзия як муқаррароте рӯи даст дорад, ки  бо амалӣ гаштани он донишҷӯёни болаёқати тоҷик баъд аз хатми донишгоҳ  дар Малайзия бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.

Ташкилкунандагони ин намоишгоҳ ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия "Аҳмадсоз" ва палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошанд. Аз рўи маълумоти ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия "Аҳмадсоз" феълан дар донишгоҳҳои Малайзия 300 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд, ки аз байни онҳо бархе дар барномаҳои бакалавр ва қисми дигар дар равияҳои магистратура  дар соҳаҳои илмҳои дақиқ  таҳсил менамоянд. Бино бар иттилои манбаъ, айни замон шумораи донишҷўёне, ки дар равияи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд, беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад. Шароити таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия шартномавӣ буда, аксари донишҷўён бо маблағи худ таҳсил мекунанд, вале қисме аз онҳо аз ҳисоби фонди президентӣ   бо номи "Дурахшандагон" таҳсилоташонро идома медиҳанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!