Бахшҳо
14 авг 2015 17:01Тоҷикистон / CV

Ҳавопаймоҳои “Узбакистон ҳаво йулларӣ” омодаи парвоз ба Душанбеанд

Масъулини ширкати ҳавопаймоии “Узбакистон ҳаво йулларӣ” мегӯянд, ҳавопаймоҳои ин ширкат барои азсаргирии парвозҳои худ дар масири Тошканд-Душанбе омодаанд.

Валерий Тян, дабири кулли ширкати ҳавопаймоии давлатии Узбакистон дар суҳбат бо “Podrobno.uz” гуфтааст, “ҳавопаймоҳои мо омодаанд, ҳатто дар давоми соли равон парвозҳои худро дар масири Тошканд-Душанбе аз сар бигиранд”.

Ба гуфтаи раҳбари ширкати ҳавопаймоии давлати Узбакистон, ягона чизе ки ҳоло монеи азсаргирии парвозҳо дар ин масир шудааст, имзо нашудани созишномаи ҳукуматӣ миёни Тошканду Душанбе мебошад: “На ҳама чиз аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ вобастагӣ дорад. Мо тасмим дорем, парвозҳоро дар масири Тошканд-Душанбе ҳатто дар давоми соли равон аз сар гирем. Вале барои ин бояд ҳукуматдорони Узбакистону Тоҷикистон зери як созишнома имзо гузоранд”.

Валерий Тян афзудааст, дар ҳоли ҳозир маълум нест, созишнома миёни Тоҷикистону Узбакистон кай имзо мешаваду парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд азсар гирифта хоҳад шуд.

Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст. Расонаҳои Узбакистон қаблан иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз 29-уми марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард, аммо то ҳол накардааст.
Мӯҳр
Аз осмон
Хамун Тошканд на сто лет барои точикои Точикистон лозим нест охир ба Бухоро ё Самарканд бояд парвозхо рохандози шуда визахо бекор шаванд Байни Душанбе ва Тошканд ба рох мондани парвозхо факат кори созмонхои хоричиро шояд осон мекунад.

Авалан аз сар гирифтан- маънои манъ, аз хатсайр гирифтан,саркаши карданро дорад. Шумо ё бесавод хастед ё намедонам бо ин васила мардумро гумрох карданиед. Чанд бор аз суи мардум ба шумо эрод гирифта шуд, ки калимахои номакулро истифода набаред. Дуюм ба мо Узбекистон чи лозим бар ивази додани замину обанборхо. Зиёда аз 20 сол бе у зиндаги кардем боз хам зиндаги хохем кард. Озодагон ин эроди маро дида чоп нахохед кард ихтиёр доред агар худатон хонда мухокима кунед хаминаш асоси

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)