Сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол мунҷар ба марги як нафар гардид.
Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба хабаргузориии «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи гузашта дар ноҳияи Тоҷикобод ронандаи автомашинаи «ВАЗ 21 011» Давлатхуҷа Ҳаётови 64 сола аснои дар ҳолати мастӣ рондани мошин дар километри 195-уми роҳи Душанбе-Ҷиргатол пиёдагард Меҳрафрӯз Авғоноваи 51 соларо зер мекунад. Бар асари ин ҳодиса ҷабрдида Авғонова дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ронанда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, аммо пас аз чанд соати гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони мақомоти дахлдор дастгир мешавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр