Бахшҳо

Ба нафақа гусел шудани ҳунармандони "Фалак"-у "Дарё" ва вокуниши Моҳрухсор Сафиева

Моҳрухсор Сафиева, хонандаи таронаҳои мардумӣ аз он ки ӯро ба нафақа гусел кардаанд, изҳори норозигӣ мекунад.

Хонум Сафиева имрӯз, 17 август ба "Озодагон" гуфт, ахиран ӯ ва чанд тани дигар аз се ансамбли Кумитаи телевизион ва радио ба нафақа гусел шудаанд. Вай афзуд, раҳбарияти Кумита далели ин тасмимро як қарори ҳукумат тавсиф кардааст, ки дар асоси он афроде, ки 25 сол собиқаи корӣ доранд, бояд ба нафақа гусел шаванд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, нафароне ҳастанд, беш аз ин муддат фаъолият доштаву ҳоло низ ба нафақа гусел нашудаанд: "Сину соли ман ҳанӯз ба нафақа нарасида, садоям низ хаста нашудааст. Дар тӯли фаъолиятам ягон хатоӣ ҳам накардаам, ки сабаби нафақа рафтанам шавад. Агар дигарон дар як сол як суруд сабт кунанд, имсол шаш тарона сабт кардам. Ҳайронам ки бо чи мақсад ин тасмимро гирифтаанд".

Моҳрухсор Сафиева дар ансамбли "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард. Дар баробари хонум Сафиева ҳафт нафари дигар аз ансамблҳои "Дарё" ва "Шашмақом" низ дар феҳрасти афроде ки ба нафақа гусел шудаанд, навишта шудааст. Қурбоналӣ Абдулло аз ансамбли "Дарё" яке аз онҳост. Оқои Абдулло дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи ӯ аз "Дарё" Лола Азизова низ ба нафақа гусел шудаанд: “Расман ба нафақа баромадани мо қариб як сол мешавад, лекин баъзан корҳои ҷо ба ҷогузории ҳуҷҷатҳо буд. Ҳафтае пеш маросими ба нафақа гусел намудани мо сурат гирифт. Баъди ба нафақа баромадан акнун тибқи шартнома корамро дар ансабли «Дарё» идома дода истодаам”.

Ба қавли ҳамсуҳбатони мо дар рӯйхати афроди ба нафақа гуселшуда, Сабоҳат Наҷмиддинова, Нуралӣ Шермамадов ва Шарифҷон Ҳомидов низ ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз собиқадорони телевизион барои кор ба радио фиристода шуданд. Ин тасмим низ ба вокунишҳо рӯбарӯ шуд ва дар ниҳоят сабаб гардид, то бархе аз ин афрод дубора ба ҷойҳои худ баргарданд.
Мӯҳр
Зохид
Хайр хеч гап не.нафака значит нафака.чои гила нест.хар сол 5-6хазор донишчу макотиби олиро хатм мекунад бигузор насли чавон кор кунад.то кай баьди хатми донишгох рох мегиранд суи Руссия.бигузор дар ватани хеш кор кунанд.бисер икдоми хуб.

Гулом
Хафа нашавед хофизони собикадор, аммо Шумо барои чоятонро нагирифтан хофизони чавонро, ки истеъдоди хуб доранд тарбия накардед. Ана хамон ансамблхо низ манаполия шуда буд. Хеч гап не худатон низ аз модда рафтаед, шукронаи Ватан намуда, нафакаатонро гирифта, акнун тамошо кунед, ки хофизони чавон чи гуна баронмахои чолиб менамоянд, лекин вокеъбинони бахогузори намоед, харгиз гайбат нанамоед.

Комил
Ба нафақа баромада бошед, акнун шукри Худованд кунеду, тавбаву надомат ва зикру намозхониро оғоз кунед, то гуноҳони ҷамъшудаатонро кам кунед ва дар он дунё ҷои беҳтаринро аз ҳозир омода намоед.

Зоиршо
ХУДАТОНРО ИНКАДАР ПАСТ НАКУНЕД БИГЗОР НАФАКА ГУСЕЛ КУНАНД ХАМА КОР ДАР ЧАВОНИ ЗЕБ ДОРАД ХУСУСАН ШЕРХОНИЮ РАКСУ СУРУД АКНУН УСТОД ШУДА ЧАВОНОНРО ТАРБИЯ КУНЕД МУХТАРАМА МОХРУХСОР БИГЗОР БА ЧАВОНОН ДАРХОИ ПУШИДА БОЗ ШАВАДУ САНЪАТИ ТОЧИКРО ДАВОМ ДИХАНД НЕПОФТАРИМИ ЛЮДЕЙ НЕТ

аз хама телевизони безебу бенамуд дар Точикистони мо ба фикрам аст бо хамин кампирхояш монед чавонхо пеш баранд шумо бо ун диторчахотон дар тораш савор мисли баба яга шуда хамаро ба афсонахои дуруггин мебаред,дуторхоро музей супореду дар чархи чавонон чуб наандозед о то кай шумо "чндл чндл еруме асри 17 бие хамата баруме иждов довла иждов дов"хонда мегардед.тарбия накардед чавоноя мондет кати диторчохотон чндл,чндл фсс.

Бародар
хофизахои зебо акнун шумо хам мисли аъзоёни хнит хама чизи бадро аз хукумат надонед вакти рафтан рахмат гуфта равед

Аъзам
Саид Пиров корро аз читска кардан сар кард, вале бад хам накард.

о дина дар телевизион чиндуловату иждов довлават доштан ку

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)