Бахшҳо

"Ин ҳама хароҷот, ки аз ҷайби мост, баҳри кист?"

Соҳибёри ТОЛИБ, махсус барои "Озодагон"

Рӯзе чунон як ангуштамро газидам, ки зери нохунам кабуд гашт. Аз шарм! Замоне буд, ки тӯйгарде чӣ месуруд худаш намефаҳмид ва дар саҳнаи толоре ба миллатҳои Маскав санъати тоҷикро муаррифӣ мекард. Эҳсос намудам, дигарон ҳамроҳи ман шармиданд…

Суруди "сартарошон"-ро дӯст дорам, аммо вақте онро дар як маҳфили адабие дар Маскав шунидам, мӯйи сарам сих зад. Ҷойи ин суруд фазои Маскав набуд. Ин ҷо "сартарошида"-ҳо зангир нестанд, ҷонгиранд. Бо кастумҳои кашолу галстукҳои сиёсӣ дар саҳна рақсидани баъзе ҳофизони тоҷик низ дилгиркунанда аст. Мо рақси "hу якка" дошем, ки комилан мардона буд ва рақсҳои қафқозиро "мезад". Аммо рақсҳои баъзе донишҷӯёни тоҷикро дар саҳнаи Маскав бубинед, марди тоҷикро, ки ин ҷо рамзи ишқ шудааст, маро бубахшед, "ҳез" муаррифӣ мекунад. Ва шеърсароиҳое аз ашъори Рӯдаки бо забони порсиву оҳанги русӣ. Эрониён ин ҳамаро таҳаммул карданд. Агар ҳассос бошед, тамасхури тамошобинро дида, мағзи устухонатон виҷос мезанад. Шояд густохӣ мекунам. Барои чунин барномаҳо маблағ ҷудо мешавад ва донишҷӯён қувваи ройгонанд. Саҳнаро пур мекунанду вақт мегузарад.

Ҳамин гуна ҳам буд, ки ҳар касе ки ангушташ ба пушти сатил мепечид роҳ меёфт, то худро сафири санъати тоҷик дар Русия гӯяд. Гуруҳҳои хуби ҳунарии тоҷик ҳам омаданд, аммо дар маҳфилҳои дастҷаъмонаи миллатҳои Маскав чанд дақиқа вақт доштанду бас. Хабаргузории "Тоҷинфо", Маркази фарҳанги тоҷикон дар Маскав ва продюсери ҷавон -- Аслишо Акимбеков дар ин самт кушишҳое доштанд, аммо бо имкониятҳои маҳдуд. Маҳофили фарҳангии сатҳи давлатӣ аслан сенария надошт. Аз харҷи маҳфиле ба суоли хабарнигор касе посух намегуфт. Боре дар ин бора пурсидам, дар посух ҳамон вақт чеҳраи асосии сафорат гуфт, "хабарнигорон, иғвогаред!"

Баъди омадани Имомуддин Сатторов ба сафорат маҳфилхо дигар шудааст. Барои чеҳрасозони миллати тоҷик харҷ намуданҳо намоён аст. Акнун бештар гуруҳи овозадори "Шамс" маҳфилорои тоҷикон дар Маскав аст. То имрӯз навозандаи хушсалиқа -- Ноҳид танҳо буд. Бо ансанбли эрониён -- "Меҳрабонон" ва "Мирос"-и афғонистониён агар ифтихор ҳам доштем, онҳорову моро яке намешиносанд. Маҳфили Наврӯзи сафорат, ки дар он аксарият олимақомон даъват шуда буданд, обрубардоранда буд. Мо чанд хабарнигор чун меҳмонони нохонда ба ин маҳфил рафтему дидем, ки ному насабамон дар рӯйхати даъватшудаҳо ҳаст. Ҳайрон нашудем, зеро ин ҳол ва ин гуна гузориши дуруғин бори аввалу охир набуд. Аммо дар маҳфилҳои хурде, ки толорро пур кардан зарурат дорад, ҳамагӣ даъват мешавем. Ёд надорам, рӯзноманигорон ба масъули муҳтарами даъваткунанда мушкиле эҷод карда бошанд, баръакс бар ивази кумаку заҳматашон дар корҳоии хусусии эшон носипосӣ дидаанд. Ва ҳамин рӯзноманигорони пурсабри расонаҳои давлатӣ, ки дар чашмҳоятон нописанданд, то ҳанӯз зиштиҳоро фош накардаанд, то нерӯи суханашонро бубинед. Тоҷикситезиро мебинанд ва шикасти пойи курсии тоҷикеро дӯст надоранд.

Рӯзи 12 август ба Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав рафтам. Вақте аз назди бинои Сафорати Тоҷикистон мегузаштам, парчамеро дидам, ки навиштаҷоташ аз рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия (12-15 август) навид медод. Бузургманишона гуфтам, чаро мо бехабарем? Боз чаро ва ки моро "чап" гирифта бошад, гӯён ба баъзе аз дӯстон занг задам, "хуш ба ҳолам", ки онҳо низ бехабаранд. Шоми ҳамон рӯз ба Филармонияи 2-и ба номи Сергей Рахманонови шаҳри Маскав шитофтам. Ростӣ, дар ин панҷ соли ахир чунин консерти дастҷаъмонаи хубу дилписанди ҳунармандони касбии тоҷикро дар Маскав шоҳид набудам. Ва чунин толори қариб холиро низ. Аксари тамошогаронро, ки аққалан як гӯшаи толорро пур намекарданд, фиристодаҳои расмии Тоҷикистон ташкил медоданд. Рӯзи дигар шом ба Театри давлатии Киноактёри шаҳри Маскав рафтам. Пас аз консерти дирӯза, дар ин чанд сол бори аввал, бе шарму тарс аз шармандагӣ тавонистам, дӯстони русамро ба тамошои ҳунарнамоии ҳамватанонам даъват намоям. Дишом доиранавозиву рақси "Базморо" таъсиргузор буд, ин шом наттоқи хушсадои тоҷик -- Аслам Каримов тарҷумаи ашъори Хайёмро бо русӣ суруду садои Миралӣ Достиеву Ҳасани Ҳайдар толорро пур аз садо карданд. Шашмақом буду фалак ва оҳанги хуши ансанбли навозандагони роҳбараш Амирбеки Мусо.

Сипос ба аҳли ҳунари тоҷик, ки тавонистанд, диққати моро ончунон ҷалб кунанд. Ҳатто тамоман ороиш надоштани саҳна ба назарамон нанамуд. Аслан ороише "зарурат надошт". Зеро тамошогарон аз дирӯза камтар буданд, камтар аз сад нафар дар ҳар гушаи толор. Дар хонаи Радиои шаҳри Душанбе барои дидани такрори ансанбли "Дарё" аз ин зиёдтар бинанда ҷамъ меомадем.

- Куҷост бинанда? -пурсидам.
- Тобистон аст, ҳама аз пайи бизнесаш, - посух ин буд.
-Мурад бизнес, - мегуфт дилдоре.
Рост мегуфт. -Дар консерти ғукҳо бинандагоне ҷамъ меоянд. Наход тамошогар ҷамъ кардан дар чунин барномаи касбии ҳунарӣ ин кадар душвор бошад? - мегуфту намегирист.

Шашмақому фалак, рақсу доиранавозиву хайёмсароӣ оё барои дилхушии кормандони сафорат буд? Ин ҳама хароҷот, ки аз ҷайби мост, баҳри кист? Лутфан бигӯед, барои толори нимахолӣ ва саҳнаи ноороста чӣ қадар сомониро гум кардед? Ва ба раиси ҷумҳур албатта гузориши дуруғин додед. Намедонам масъули ҷамъ намудани бинандагон кӣ буд. Сахт нодонам…

Чунин менамояд, дар дохил касоне намехоҳанд, миллати тоҷик чеҳранамоӣ кунад. Халал мерасонанд. Вагарна ин ҳама сол чеҳраи аслии ворисони Ҷамшед паси ниқоби масхарабозон пӯшида намемонд. Дар гарданамон як коғаз меовехтему назди дари метро меистодем. Иван бо арусаш меомад. Агар ӯро ба маҳфили тоҷикон даъват мекардем, шояд механдиду мегузашт. Беҳтараш мегуфтем: - Шуморо ба тамошои ҳунарнамоии мутрибон ва ҳофизони форсизабон даъват мекунем. Мусиқӣ ва садои зинда! Лаззат мебаред! Ройгон аст! Иван бо арусаш мерафту медид, ки тоҷик кист! Сергейро интизор мешудем. Ин фақат яке аз ҳазору як роҳи ҷалби бинандагон ва методи чеҳрасозист. Акнун гузориши сафорат ва вазорати фарҳангро ёбему хонем.

P.S. Вокеан, шунидам хайати сафорат тамоми Маскавро гаштаанд, аммо як гулдастаи арзон ёфт нашудааст, ки ба ахли хунар такдим кунанд.
Мӯҳр
Сохибёр..браво!!! отличная статья..

Достон
Ба гайр аз Вазорати фарханг дигар Вазорат нест дар сохторхои Хукумати, ки факат ва факат оид ба Вазорати фарханг? Мухтарам кормандони сомона шумо диккат дихед аксари мавзухои танкидии Шумо марбут ба ин Вазорати фарханг аст, дар ходе, ки айни замон фаьолияти Вазорат хело хубтар шудааст.

Барои маишати худ мекунан.Бояд яконҷода сумро списат кардан даркор ку

Фаранги
Рекламаи хубе шуд барои Точинфо аз суи корманди точинфо.
Мо - точикон аз рекламаи худихо дур нашудем, ки нашудем. Як бор бо дили пок бояд бигуем, ки гунахгори асосии пастравии имиджи точикон кист ва сабабаш дар чист? Чаро фарханги мо, ки то ин дам моро аз нобуди нигох медошт имруз мо аз он ру гардондаем ва хамаи корро мекунем, то ин фарханги мо ба нобуди биравад? Ру овардаем ба фарханги кафкозиён, зеро онхоро гулом намедонанд, аммо худ фаромуш кардаем, ки гуломи фарханги ва худи кафкозиён гаштаем. Фикрронии гуломии худро аз даст надода худро озод мепиндорем.
Хангоме точике ягон коре бикунад, чинояте содир бикунад ва ё бар зиддаш ягон кораке бикунанд намояндаи "расмии" сафорат баромад намуда мегуяд: "фалониев фалони фалониевич, зодаи нохияи фалон" - намегуяд ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН (бе номгири, бе минтакамуайянкуни). Ин хаст теша бар реша, зеро точике аз дигар нохия нишаста дар фикр мезанад, ки аз нохияи ман нест чаро гамашро хурам. Агар корманди сафорат нохияашро муайян намояд ин аллакай махалгароист.
Сафири нав низ коре карда наметавонад, зеро намояндагони сафорати мо ба забони руси озод сухбат карда наметавонанд, чи гуем дар бораи мухочири мо!
Оид ба рузхои фарханги, шахсоне, ки бо фарханг сару кор доранд медонанд, ки тамошои консерту спектаклу дигару дигар ин баринхо танхо аз тирамох шуруъ мешавад ва то охири бахор давом мекунад. Ягон нафар дар тобистон ин корро намекунад, зеро дар кишвархои пешрафта хама барои "дамгири" ба сохили бахрхо мераванд.

миршакар
офарин.хамаш зур мешад оста оста

Фархангшинос
Ташаккур Сохибер, барои маводи хеле мухим. Мухтарам Достон, махз вазорати фарханг масъули чунин вазъ аст. Вазорат филармония не, сохтори хукуматии муайянкунандаи дурнамои рушди фарханг, мувофики максад ва самарабахш истифода бурдани хар як чорабинии фарханги мебошад.

Сохибёр молодец 80 фисади гапат рост аммо мо дар шабакаи якум дидем сюжети ахборро инкадар нагз гузашта буд ку.Ман собик хамкорат моро апаи Зевар аз кор пеш кард аммо дил хунук нашудем ждат кунед алакай аз чандто тв..хо чам шудем меоем пешат мисли ту мухочир мешавему анна хамихел озодандеш мешавем ..барои он ки ин директорони нав ба чашми Чаноб хок пошидестан..мо хам сиёсати ин хукуматро пеш мебурдем аммо нафахмидан ки нафахмидан....
озодагон илтимос чоп кунед..

Сохибёр а бача гумш ку бо групаи 24 элон накунанд биёранат охи чаноби олли намояндагони худашро бовар мекунад туро не ку аку меги боло мехонаду чазо медихад инхоро....ягонмайда хаминкадар сол боре надед ки бад инкадар шармандаги даже гап зада бошан инхо кай парвои точик дорану кай обруи точикро бардошта буданд ...кадом бесавод инро да мохи август монда буд вайро чазо диханд ...илтимос чоп кунед

Чамолиддин
Сохибёр агар ошкоро мегуфтед ки он бехунар ки буд, ки аз суруданаш шармидед хуб мешуд, ислохот аз хамин нукта дуруст огоз мешавад

кулябец
Ачоиб!! Одамони одди аз паи кор ва дарёфти култи лоямуте хастанд. Бо кисаи холи ва шиками гурусна овози булбул хам намефорад. ,, Нон бошад, суруд хам мешавад " ---- гуфта буд Брежнев. Имруз сарояндахо чунон бисёранд, ки хатто аз навбати пода рост ба сахна!! Шарм надошта як сурудро дар як намоишнома ду сароянда низ ичро мекунанд.
,,Бтата - метата, натата - наметата ......." Ин аст забони имрузаи фархангу санъати мо!
,, Маст шаветон бачахо!!!! "

Mahdi
MO tojikon hech hamin tankid kardani yakdigar namondem. I in kada kordoni narafti hamun Andrey va Sergeyro khudat davat kuni. I tu ham tojik hasti novobasta az on ki kormandi saforat nesti. Vazifai Har tak tojik ast safir budan va muarifii chehrai matlubi tojikiston. Binoan guftani hastam ki ofarin janobi safir va kormandoni vazorati farhang minbad chunin korhoro davom dihed ba in shkhson ahamiyat nadihed ki in aqrabsifaton hej go az shumo rozi nameshavan.

Сад афсус ба ин миллату ин давлат. Шумо ки "точик" хастеду ин кадар точикону сафорати точикро паст мезанед аз Ивану Сергей чои гиламанди нест дигар!

махмуди ашурмухаммад
Матлаб хуб АСТ,аммо шарт буд,онро ба хама нашрияхо фиристодан?Бубинед,онро хатто "Жан ва мард" хам чоп кард,,вале аз чи бошад,ки беимзо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)