Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:55

Пахта-2011: Нақшаи ҷамъоварии пунба дар Тоҷикистон иҷро гардид

17 октябр 2011, 10:19

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта, ки имсол дар Тоҷикистон 390 ҳазор тонна муайян шуда буд, имрӯз барзиёд иҷро гардид.


Тавре аз вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, то имрӯз аз  майдонҳои пахтаи кишвар 391 ҳазору 291 тонна ҳосил ҷамъ шудааст, ки 100,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ба иттилои масъулини вазорат, то имрӯз нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд 101,3 фоиз, Хатлон 100,1 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 98,7 фоиз иҷро шудааст.

Ҳосили миёнаи пахтаро айни ҳол, масъулини вазорат 19,5 сентенер аз як гектар арзёбӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ имсол дар ҷумҳурӣ  майдони 201 ҳазору 112 гектар пахта корида шудааст ва ба гуфтаи масъулини вазорати кишоварзӣ ҳанӯз пахтаи ин заминҳо пурра ҷамъоварӣ нашудааст.

Дар сурати ҷамъоварии пахтаи боқимонда, имсол дар назар аст, ки дар кишвар то 420 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!