Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Қонуншиканиҳои «Сохтмон-Р» ошкор гардид

17 октябр 2011, 11:00

Зимни  як амалиёти санҷишии мутахасисони мақомоти андоз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муайян шуд, ки соҳибмулкон на ҳамеша қонунгузориро риоя мекунанд.


Ба «Озодагон» аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, аснои амалиёт дар ҶДММ «Сохтмон-Р», ки дар майдони ҳудуди 8 гектар бунёд ёфта, масоҳати амволи ғайриманқулаш 16 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад, роҳбарияти корхона ва соҳибкорони он ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд. Ҷамъияти мазкур ба ҳолати 17 августи соли ҷорӣ дар назди буҷа беш аз 100 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Натиҷаи корҳои назоратӣ муайян намуд, ки ғайр аз қарзи андози ба амаломада корхона инчунин амволи дар ихтиёри худ доштаашро ба дигар ҷамъиятҳову  соҳибкорон ва шахсони воқеӣ ба  иҷора дода, дар ин хусус ба нозироти андоз маълумотҳоро то рӯзи санҷиш пешниҳод накардааст. Дар дохили ин корхона сехҳои истеҳсоли равған, маҳсулоти қаннодӣ, коркарди чубу тахта, оҳангарӣ ва хишти сементӣ мавҷуд буда, дар ҳар яки онҳо 10-15 нафарӣ корманд фаъолият доштанд, ки баъзе аз онҳо то ин рӯз эъломия дар манбаи пардохтро дар маҳали фаъолият, яъне ба нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод накардаанд. Таъмири сехи равғанкашӣ аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Ҳошим Муҳаммад, ки сокини шаҳри Душанбе буда, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар қайди нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад ва бо 9 нафар кироякорон шартномаҳои меҳнатӣ бастааст, гарчанде ин коргарон дар таъмири сехи равғанкашӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансурбуда, ба кор ҷалб шуда бошанд ҳам, андоз аз даромади онҳо ва ҳисобот оид ба андозҳо ба нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар рафти санҷиши гурӯҳи корӣ аз тарафи ин соҳибкор 3 ҳазор сомонӣ андоз аз даромад ба буҷети ноҳияи Шоҳмансур ва 2 ҳазору 364 сомонӣ андоз  ба буҷаи ноҳияи исмоили Сомонӣ ворид шуд. Ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд, зимни таҳлилҳо дар қисмати дигари корхона шаҳрвандони Хитой ба коркарду истеҳсоли алюминии дуюминдараҷа машғул буданд. Шумораи коргарон тахминан 14 нафарро ташкил медод ва тибқи иттилои худи коргарон маълум гардид, ки онҳо коргарони кирояи ДММ «Лен ХУА» мебошанд ва корхонаи мазкур дар  нозироти андози ноҳияи Сино ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо ошкор намуданд, ки ҳарчанд корхона  дар қайди мақомоти андоз бошад ҳам аз ҷониби масъулини корхона талаботи қонунгузорӣ риоя нагардидааст,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!