Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:30

55 миллион доллар кӯмаки бебозгашти вазорати рушди Британия ба Тоҷикистон

18 октябр 2011, 04:00

Британияи Кабир тасмим гирифтааст, дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳм гузорад.


Ин кишвари ғарбӣ мехоҳад, ба навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон кӯмак карда, сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин манотиқро боло бардорад. Ин нуктаро Алан Данкан, вазири рушди байналмилалии Британия пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Сатҳи ҳамкориҳои ин ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаро дар ҳоли густариш арзёбӣ карда, Дункан гуфт, дар зарфи чор соли оянда Британия барои рушди бахши кишоварзӣ, беҳбуди вазъи молӣ ва идораи муҳоҷират тарҳи вижаеро рӯйи даст хоҳад гирифт, ки ҳазинаи солонаи он 10 милллион фунт ё муодили 16 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон ду пружаи муштарак- тарҳҳои рушди иқтисодии маҳалҳо ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар маърази иҷро қарор дорад.Сармояи ин барномаҳо аз ҷониби вазорати рушди байналмилалии Бритониё ҷудо шуда ва аз ҷониби Оҷонсии рушди Олмон ва Барномаи Тавсеаи СММ амалӣ мешавад. Гуфта мешавад, тарҳи рушди иқтисодии маҳалҳо 14 ноҳияи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро таҳти пӯшиш қарор дода ва дар назар аст, дар ояндаи наздик навоҳии водии Рашт, бархе аз навоҳии вилояти Хатлон ва навоҳии ҳаммарз бо Афғонистони Тоҷикистон ба ин тарҳ шомил шаванд.Ҳамчунин, ин вазорати Британия тарҳи коҳиши хатари ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистонро рӯйи даст гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо созмони “Фокус” ва Хазинаи Оғохон иҷро мегардад.

Алан Данкан, вазири рушди байналмилалии Британия гуфт, ки дар ҷараёни дидор бо президент Раҳмон вазъияти сулҳу субот дар Афғонистон ва мавзӯъи барқарор сохтани иқтисоди ин кишвар низ матраҳ шудааст. Ҷаноби Данкан, дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо Матлубхон Давлатов, мушовири раиси ҷумҳур дар масоили иқтисодӣ, Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир, вазирони хориҷаю молия, раиси Бонки Миллӣ ва раиси кумитаи сармоягузорӣ   мавзӯъи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши кишоварзӣ ва беҳбуди идораи молиявӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, имрӯз Алан Данкан ба вилояти Хатлон сафар карда, манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро аз наздик мебинад ва бо ҷараёни иҷрои тарҳҳои вазорати рушди байналмилалии Британия дар ин манотиқ ва раванди тиҷорати байнимарзӣ бо навоҳии ҳаммарзи Афғонистон ошно мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки Алан Данкан нахустин вазир ё мақоми баландпояи ҳукумати Британия аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад. Гуфта мешавад, ҳамкориҳои вазорати рушди байналмилалии Британия бо Тоҷикистон аз соли 2003 шурӯъ шуда ва то ба ҳол, ин вазорат барои иҷрои тарҳҳои мухталиф ба Тоҷикистон ҳудуди 32 миллион фунт, ё баробар ба 55 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт ироа кардааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!