Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:22

Дар пойтахт боғи дӯстии Душанбе-Анқара барқарор мешавад

18 октябр 2011, 04:05

Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо раиси шаҳри Анқара Мелиҳ Гӯкчек мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, зимни ин нишаст дар доираи Эъломияи муштараки  бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Анқара, созишнома байни ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва Анқара дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ аз 11 декабри соли 2003, масъалаҳои дигар, аз қабили: ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ, барқарорсозии боғи дӯстии Душанбе-Анқара дар шаҳри Душанбе, ташкил намудани бизнес-форуми соҳибкорони Душанбе ва Анқара, кушодани маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва корхонаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

Манбаъ афзуд, аснои мулоқот Мелиҳ Гӯкчек миннатдории худро ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии номзадии шаҳри Анқара дар баргузоршавии намоишгоҳи ҷаҳонии “EXPO- 2020”, ки 23 апрели соли 2020 дар мавзӯи “Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд” бояд барпо шавад, баён намуд. Ҳамзамон, Мелиҳ Гӯкчек ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар ҳошияи Эъломияи муштараки бародархондагии шаҳрҳои Душанбе ва Анқара раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо сафари расмӣ ба Анқара даъват кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!