Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:45

Сарвазир: «Ман шоҳин нестам, як одами оддиям…»

18 октябр 2011, 04:37

Нахуствазири феълии Русия, ки алъон номзад ба мақоми президентии ин кишвар шудааст, худро «серкортарин» роҳбари ин давлат унвон кард.


Владимир Путин ин нуктаро зимни як нишасти матбуотии вижааш дар «Кохи Сафед»-и Маскав дар ҳузури роҳбарони се шабакаи телевизионӣ: РТР, ОРТ ва НТВ иброз дошт. Ӯ гуфт: «Ман аз ҷумлаи сарварони пуркори иРусия аз замони ҷанги дуюми ҷаҳон ба ин сӯ ҳастам, аммо бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, суботи давлати мо ҳанӯз ҳам осебпазир аст». Нахуствазири Русия ҳамчунин афзуд, чанд қадами носанҷида кофист, ки кишвари мо дигарбора ба вартаи хараҷу мараҷ ва бебандубории мутафовит ба солҳои 1998-99 баргардад.

Путин ба суоли Олег Добродеев, сарвари ширкати давлатии телевизионии Русия (РТР), ки аз ӯ пурсид, шуморо аслан шоҳини сиёсат ва ҳукумат мегӯянд, на кабӯтар… ин ба назаратон аз чӣ далолат мекунад, ҷавоб дода гуфт: «Шоҳин паррандаи хуб аст, аммо ман одамам, на бештар аз ин. Ва вобаста ба вазъу мавқеъ мавзеъгирӣ мекунам».

Маврид ба ёдоварист, Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2000 дар Русия пирӯз шуда, тайи ду давра, то соли 2008 курсии президентиро дар ин кишвар ишғол карда буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!