Бахшҳо

Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд

Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 август ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр задааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 25 август ба "Озодагон" гуфт, ин кор дар асоси қарори Суди иқтисодӣ ва дар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд, Прокуратураи генералӣ далели ин корро "дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд", арзёбӣ мекунад.

Ба қавли оқои Сайфуллозода, суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ гуфтаанд, то 10 рӯзи мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтани баҳси мазкур, ҲНИТ иҷозати пешбурди кор дар ин биноро надорад.

Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфтааст, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".

Муҳр зада шудани дари қароргоҳи ҲНИТ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ВКД хабар дод, гуруҳи кории Раёсати оташнишонӣ барои камбудиҳо фаъолияти дафтари ҲНИТ-ро муваққатан қатъ кардааст. Аз ин пеш бо як мактуби Вазорати фарҳанг дари матбаи “Муаттар”-и Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар он нашрия ва маҷаллаи ин ҳизб ба табъ мерасид, аз сӯи мақомоти давлатии кишвар муҳр зада шуд.


Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд


Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд
Мӯҳр
Бехруз
Бисёр кори хуб кардаанд. Ба мо хнит дар кор нест

озодбой
ХНИТ ба пеш мо бо шумо хастем ХНИТ

Ленин
берун аз шахр дар ягон баланди дар хавои кушод бо даъвати хохишмандон ба таври сенсатсиони гузаронед. Хаво холо гарму нарм. Эх кори таърихи мешавад

мухочир
Дар мудати чанд соле гайри конуни харидори шуда буд имруз маълум шуд ки гайри конуни харидори шуда аст ман хайронам худо хидоятон кунад

amak
salom bar ahli haq
in hamma korho maskhara ast!!!

Одина
Чудохам кори нагз кардаанд. Раванд дар ягон юнучказор гузаронанд чаласашона. Иёра саткаи бинои замонавй мекуна. Ами бинои хамиёра хукумат ягон симфхонаи чойи таьлими дарси компютер куна бехтарин кор мешава.

"Таърих ба кори ман бахо медихд" - мегуяд ХАМРОХХОН ЗАРИФИ !!!!!
Мухр задан гиред ... таърих ба кори Шумо низ бахо медихад-да !!!!!??

сталони
бисёр кори бад кардааст ин хукумат

Сабрина
Хамон сайташонро хам таъчилан бастан даркор. То Анчуманашон, то ки вакилонашонро даъват карда натавонанд. Бечорахо вакил хам ёфта наметавонанд.

Тоба ин кора бин шарм нокарда Карлои ХНИТ бастанд э диламбаям зад хамин копхри гайри конуни.малум шуд хнит вокеан хизби мардуми будастда инкадар болои вай фишор ба фикрам ин хукуматдорхо хуб медонад тарафдорхои ХНИТ хкле зиёданд.Аллох номуси марди дихад хамава.Озолагон чоп кун агар озод боши

Саломат
Хамин Сайфуллозодаву Хаита ягон кор тиян дар ягон ташкилоти дигар худашон пешниход мекунан ки ХНИТ баста шавад. Уже фахмиданд, ки даркор нест нахзат.

Нахзат танхо як ният дошт, ба сари хокимият омадан. Солхои охир ягон пешниход бахри бехтаркунии хаети чамъиятию сиёси омода накардааст.

Лекин кори хуб шуд. Худ казоват кунед хамин ХНИТ ягон кори ободони барои Точикистон карда буд. Як нафарашро бо ярок дастгир мекунанд, дигарашро бо зино инхо хама номи ХНИТ-ро паст мезанан.

Хоб офисша бастед, кораш ман нашудаст ку. Хой вакте фаолиятш баста шид бад машинем якчои

Э ачоибот шид мардума ай гумрохи начот доден моладци

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)