Бахшҳо

45 гуруҳи Убайдуллоев барои мубориза бо фарҳанг ва тафаккури бегона

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои таблиғи сиёсатҳои пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ 45 гуруҳи таблиғотӣ ташкил кардааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи Убайдуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” ҳадаф аз ташкили ин гуруҳҳои таблиғиро аз сӯи шаҳрдори пойтахт “баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон нисбати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа” арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ин 45 гуруҳ дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе тақсим шуда, фаъолияти худро аз соати 18:00-и шоми 27 августи соли равон оғоз хоҳанд кард: “Раиси шаҳр роҳбарон ва ҳайатҳои гуруҳҳои таблиғотиро ба он ҳидоят намуд, ки дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандони мамлакат дар асоси зиндагии қонунсолорӣ ва волоияти қонун, густариши соҳибкорию институтҳои шаҳрвандӣ, ки воқеан самараи интихоби роҳи эъмори давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, бобати баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон нисбати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок ба роҳ монанд”.

Убайдуллоев дар ҷаласаи кории рӯзи 24 августи худ, ки бо иштироки роҳбарони сохтору идораҳои марбутаи дар марзи пойтахт фаъолиятдошта, олимону донишмандон ва мутахассисон баргузор шуд, яке аз сабабҳои гаравиши баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҳаракатҳои иртиҷоиро надоштани сатҳи зарурии донишҳои дунявию динӣ ва бетарафии ҷомеаву падару модарон хонда, гуфтааст: “Онҳо ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи геополитикӣ мегарданд”.

Убайдуллоев аз тамоми сокинони пойтахти Тоҷикистон даъват кардааст, “бидуни бетарафӣ, алайҳи дилхоҳ зуҳуроти номатлуби бегонаи фарҳангию адёнӣ, ки ғаразҳои рахнасозии суботу ҳамзистиро бо василаҳои гуногуни таъсиррасонии иттилоотӣ ҳадаф доранд, бо масъулияти томи ватанхоҳона тамоми нерӯ ва потенсиали мавҷудаи хешро сафарбар намоянд”.
Мӯҳр
Икдоми пешгирифтаи Шахдор бояд натичаи хубе ба бор оварад. Хуб мешуд таъсиси гурухо аз нафароне бошад, ки аз тамадун, урфу одат ва аз дину мубини Ислом хуб хабардор бошанд, то ба мардум максади асоси яъне пойдории сулху суботро дар Чумхури расонда тавонанд. Бахри баланд бардошатани иктисодиети чумхури ва дастгирии бевоситаи сохибкорон барпо намудани чойхои нави кори аз тамоми макомотхои дахлдор чунин гурухо (бегаразона) ташкил карда мешуд боз хам хубтару бехтар мешуд.

Диловар
ин кор хокпошӣ ба чашми мардум
яъне зеҳни мардумро аз ҳақиқатҳои ваҳшатноки ҷомеа(буҳрони иқтисодӣ ва ба шиддат бад шудани зиндагии мардум ва холи шудани хазонаи ҳукумат)дур кардан аст
мисли мубориза бо ришу ҳиҷоб, ҷашни КАДУ, ҷашни палав ҷашни харбуза , ҷашни хатна ва ...

Хонанда
Озодагон камтар аз рядовой фарк кунед охир!! Шавккат Саид директори ТВ Пойтахт аст Шахло Мсоева сухангуйи шахр шуд ку. Боз чи тавр Шавкат Саид сухангу!

Ба Хонанда!!! Шахло Мусоева сардори шуъбаи "Рушди ичтимои ва робита бо шахрвандон" аст на сухангу...

РУСТАМ
МУХТАРАМ УБАЙДУЛЛОЕВ ОФАРИН ШУМО БА ХАМА ЧИЗ АРЗАНДА ХАСТЕД МИЛЛАТИ ТОЧИК БОЯД ФАХР КУНАД КИ ЧУНИН ЯК СИЁСАТМАДОРИ РАВШАНФИКРУ МИЛЛАТСОЗ ДОРАД БИГЗОР ХАМЕША ДАР НАЗИ МИЛЛАТ АРЗАНДАИ ХАМА НЕКИХО БОШЕД.

хисрав
Ба номи Худо
Ягонкас нафаҳмад фикр мекунад мардуми Тоҷик ягон мушкили дигар надоран ва ҳукумат ва шаҳрдор Дкшанбе ҳамаи мушкилоти мардумро ҳалл карданд ва фақат ҳамикоро мондагӣ аст. Убайдуллоев агар ба фикри мардум аст мушкилоти иқтисодӣ ' бекорӣ' бесаводӣ мардумро ҳалл кунад ки ҳамара аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия сур кардестаҳан ва иардум сахт дар мукил ҳастад.

555
Чаноби Раис гайрати шумо кам шудааст о руирост гуед ки 45 гурух ба мукобили риш сатр ва намоз натарсед хукумат тарафи шумост

МУШКИЛОТИ АСОСИИ МО ХАМИН АСТ.БОЯД ХАР ЧИ ЗУДТАР САДДИ РОХИ ЧУНИН ЗУХУРОТРО ГИРЕМ,КОРХОИ ИДЕОЛОГИ ВА ФАХМОНДАДИХИРО ДАР БАЙНИ МАРДУМ ЗИЕД НАМОЕМ.АЗ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДИДА МАГАР ЯГОН МАСЪАЛАИ МУХИМТАР АСТ? ХАРГИЗ НЕ! ЧУНОНЧИ ХАЗРАТИ МУХАММАД (С)ДАР ЯКЕ АЗ ХАДИСХОИ ХУД МЕФАРМОЯД :" БА КАДРИ ДУ НЕЪМАТ КАБЛ АЗ ЗАВОЛАШ БИРАСЕД:САЛОМАТИИ БАДАН ВА АМНИЯТИ ВАТАН" АГАР ДАВЛАТИ МО ОСУДА БОШАД ТАМОМИ МУШКИЛОТХО ОХИСТА-ОХИСТА ХАЛЛИ ХУДРО МЕЕБАНД.Озодагон илтимос чоп бикун!

ОЗОДАГОН барои чи комментариеи манро чоп намекуни?

Шаҳрвади тоҷик
Ҳоло ҳам дер нашудааст, фарзандони содиқи ин миллатро ҷамъ карда миллатро ба роҳи рушду пешрафт сафарбар намуд. Мо агар ҳама дасти ба ҳам кунем беҳтарин давлат ва ҳукумтро хоҳем дошт. Мо ҳама фарзанди як миллатем ва хушбахтона ҳама дар як динем, ки беҳтарин неъмате аст, ки мардуми мо дорад. Ва дигар ҷониби хубаш ин аст, ки миллати мо дар як мазҳаб мебошад, мазҳаби имоми Аъзам Абуҳанифа. Падарону бобоёни мо на шиа буданд ва на салафӣ. Агар роҳи падарону бобоёнамонро пеш гирем моро манфиатдорони хориҷӣ истифода намебаранд. Бале ҳар фикри бегонае ки ба мо омад, чӣ шиа ва чӣ салафӣ миллати мо ба он ниёз надошта ва надорад, балки онҳо ба мо ниёз доранд то мо ба роҳи дуруст ҳидояташон кунем.
Худованд ин миллати мусалмони тоҷики моро нигоҳ дорад, ки бозичаи дасти манфиатҷуйҳори геополитикӣ шаванд.

Азиз
Бечора келинхо. Ба додашон касе нарасиду ба чунин амал даст заданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)