Бахшҳо

Пас аз протоколи №9. Дастури сарвазир барои коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласае роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони соҳаро муваззаф кардааст, ҷиҳати коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар тадбир андешанд.

Ин ҷаласа имрӯз, 25 август дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, нахуствазири Тоҷикистон ба масъулин дастур додааст, барои “таъмини мунтазами бозори истеъмолии кишвар бо захираҳои молӣ бо истифода аз имконоти дохилӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, таъмини бемайлони талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ ва истифодаи ҳатмии захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ андешида, барои дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи доимамалкунандаи тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд”.

Ҳадаф аз ҷаласаи мазкур “татбиқи нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ доир ба тақвияти иқтидори истеҳсолоти ватании воридотивазкунанда ва дастгирии соҳибкорӣ” гуфта мешавад.

Баргузории ин ҷаласа дар ҳолест, ки ахиран бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 9 протоколе тасвиб шуд, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, маблағҳои буҷети давлатиро танзим ва назорат намоянд. Аз Вазорати молия ба “Озодагон” гуфтанд, протоколи мазкур бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки “ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд”.
Мӯҳр
сохибкор
Омилхои беруна кохиш не ривоч медиханд!!! Мухтарам вазир!! Сабаби асосии кохишро дар системахои чориатон чуед!! Кадоматон андоз месупоред!! Прокурор-''сохиби'' замин, началниеи милиса ''сохиби'' рамма, вазир ''сохиби'' супермаркетхои калон ва гайрахо. Сохибкорони аслиро имконият намкдихед ки сармоягузори кунад. Андозсупоранда факат аробакашхои бозор ва ашхоси ''бесохибанд''. Мухтарам вазир!! Хамаашро медоед, лекин чора надоред. Ба фигратон вазири пешин намедонист???

Дар Точикистони мо хамеша икдомхо аз минбари баланд барои дастгирии сохибкори, гуфта мешавад ва дар катори он боз назорати маблагхои буючети. Инро намедонам дигарон и хел мефахманд, аммо ман хамчун сохибкор чунин фахмидам, ки хукумат тамоми сохторхоро барои пур кардани чигилдонхои худ ба сари сохибкорон равона мекунанд. Дар кучое коре ё икдоме аз тарафи сохибкор огоз гардад хамаи сохторхо ба сари онхо хамчун борон меборанд ва сохибкорро банкрот мекунанд. Маслан дар ш. Рогун агар корро огоз карди хатман андоз барои бастани кори ту меояд, прократура, экология, шабакахои барки,милиция, амният,хифзи амният ва гайра. Кани ки бади ин кадар омаду рафт кор кардан мехохад. Дасгирии сохибкорон нею дастгир кардани сохибкорон.

Ин икдом хубу лекин рахои аз кризис нест. Мо зиёда аз 20 сол дар кризисем. То вакте ки корхонахои истехсоли насозему сохибкоронро аз чанги гургони гурусна озод накунем, мо хама вакт дар кризисем. Авалан хукми азим барои корупсиро решакан кардан баровардан даркор. Корупсия вабои давлати мо мебошад, ки озод дар Точикистон амал мекунад. Мо сохибкорон вакат барои кисаи баъзехо кор мекунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)