Бахшҳо

ВИДЕО: "Асалу харбуза", "Парчам"-у "Ваҳдат", "Сада"-ву "Меҳргон". Боз кадом ид намерасад?

Бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Иди “Асал ва харбуза-2015” баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин чорабинӣ аз ҳисоби масъулини Вазорати кишоварзӣ як гуруҳи кории махсус таъсис шудааст.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз Иди “Асал ва хабуза”, идҳои зиёде монанди Истиқлол, Ваҳдат, Наврӯз, Парчам, Сада, Меҳргон, идҳои динӣ -- Рамазону Қурбон ва амсоли инҳо зиёд ҷашн гирифта мешавад. Дар пасманзари ин, хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсид, ки КАДОМ ИДРО НАДОРЕМ ва чи ИДИ ДИГАРЕРО БОЯД ТАҶЛИЛ КУНЕМ?

Посухҳо якранг набуданд. Иддае мегуфтанд, "ҳама идҳоро дорем ва роҳандозии идҳои дигар сарфаи беҳудаи вақте беш несту сабаби камшавии рӯзҳои корӣ мегардад". Ин гуруҳ таъкид мекарданд, "ба ҷойи баъзе идҳо хуб мебуд маблағи харҷи он ба ятимхонаҳо дода мешуд". Аммо Саидаҳмади Қурбон, як сокини Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон ба «Иди Китоб” ё “Китобдӯстон” ва ё чизе монанди ҳамин ниёз дорад, то мардум ба хондан ташвиқ шаванд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, дар ин бора бояд донишмандон бештар бигӯянд, "зеро чомеае, ки панҷ дарсадаш донишманд набошад, он ҷомеа ҳеч гоҳ пеш нахоҳад рафт".

Рамазон Давлатов, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳам гуфт, бояд бештар ба идҳое аҳамият дода шавад, ки ҷанбаи фарҳангӣ ва ахлоқӣ дошта бошанд: “Имрӯз интернету телефон шавқу ҳаваси китобхониро бурдааст. Шояд имрӯз бигӯянд, ки тоҷик миллати китобхон аст, аллакай не. Шояд як сол пурра соли китоб эълон шавад ва як ҷашни китоб эълон шавад ва дар онҷо китобдори беҳтарин, китобхони беҳтарин, китобнависи беҳтарин, хаттоти беҳтарин муайян карда шавад”.

НАЗАРИ СОКИНОНИ ДИГАРРО ДАР ИН ВИДЕО БУБИНЕД ВА ШУМО НИЗ АНДЕШАИ ХУДРО БИНАВИСЕД

Мӯҳр
Ташаккур "Озодагон" бисёр як икдоми хуб, бисёр хуб мешуд,ки хамин ду Иди бузугро низ дар Точикистон чашн бигиранд. Иди Кадую, Иди Таппакро, чашн мегирифтан.

Сохибкори бадбахт
Мухтарам журналистон як бор хамин суолхора аз сохибкорон ва корхонахо кунед баъд мефахмед ин идхои масхарабози лозим аст ё на! чун хар як аз ин идхо балое ба сари сохибкорон аст. хамаи харочотро бечора сохибкор мачбур аст дихад.Хар мох бо бахонаи ин "идхо" ба сари сохибкорон хамла мешаваду сохибкори бечора бояд сармоягузори кунад инхоро...
як иде ки барои Точикистон намерасад ва ман хам пешниход дорам ки кабулаш кунанд ин иди "хавои бепул" ё "шукронаи ин ки хавои ройгон дорем" аст. Намедонам иди "Шугрона" дорем? агар надошта бошем хатман бояд ин идро аз иди истиклолият низ боло гузошта бо тантана тачлил кунем!

Мо асалу харбузабози мекунему миллионхо точик дар гариби ва е ба ДЛИШ пайвастанд. Бехтар не, ки иди Чойхои кори кунему корхонахоро ба кор дарорем. Пагох ин асал насиби ифротиену ришдорон мешавад.

Носкаду
Пешниход: иди нос ва носфурушон гузаронида шаванд.

Боха
МА фикр мекунам иди бодиринг

Санам
Вокеан идхо чи кадар зиёд бошанд, хуб аст. Мардум тамошо мекунад, харидори мекунад, истирохату мулокотхо мекунад. Хуллас ки машгулияте барои одамон хусусан чавонон пайдо мешавад. Ман тарафдор.

асалому алайкум авалан тоҷикистони мо баиди асалу харбуза ва каду муҳтоҷ нестан авалан чихелеки ин бародар гуфтанки иди китоб кунан манҳам бо ҳамин шахс ҳамфикрам баройки мардум бесаводмондан иёбошан иди харбузаву каду ҷашун мегиран бахудоки айбай басай мардумро ришошона тарошиданда инаи корой бемаънетона баскунед

Dev
Pikr mekunam hamin Idi tappak baroi mo zaruri zarur.YAkchand idhoi jashnmegiriftamon farogiri yak fasland, ammo tappak boshad dar hama faslu vakt lozim.

мангал
иди курутоб ва ширчой ташкил шуда фествал ё карнавал шавад бехтар

Мухочир
мо бояд иди мухочиронри чашн гирем

Идхо бисйор, лекин шароити чои кор нест ва мухочирати бисйору шароити мухочир ташвишовар аст !!!!!

мушовир
Рости имруз Точикистонро бухрони молияви фаро гирифтаас пулнест пули мухочир арзишашро гум кардааст Ин масулин бо хар бахона хар идро ихтиро карда сари мардумро гаранг доран Шумо сари бекори ва иктисоди кишвар фикр мекардед хуб мешид аз ин идхо хич фойда нест ид барои кишвари аст мардумаш бой бошад и мардуми камбагал аз кучои ид мефорад махсусан барои мардуми мо рузеки аз Россия пул мефиристанд онруз барояшон ид аст .

Фикри ман хамин аст ки иди ошпази бехтарина гзарондан хуб мешуд иди шурборахам мегзарондан охи дар махракахо ошу шурбо аст ку айба намедонен дар бучетон пул нест ай осмони 12ум нохун мекнен камтар ай Хдо бтарсен инкадар чабр накнен нисбати мардуми бечора!!!

Ба фигри ман иди ЗАНХОИ НИМУРЕН е ин ки БЕХАЕШАВИИ ЗАНХОИ ТОЧИК ро бояд чашн гирифт. Чун ки минбаъд онхоро ТАРГИБГАРИ ФАРХАНГИ МИЛЛИ ном мебаранд.

ташакур Озодагон ! гуфти хамин бародар иди тапак ва замистон наздик иди куваи баркро хам чашн гиед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)