Бахшҳо

ВИДЕО: Кумакхоҳии Давлатхони маъюб, ки мехоҳад пои равон дошта бошад

Давлатхон Ҳотамов, як сокини 27-солаи деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод, маъюби гуруҳи якум, ки аз дарди пой ранҷ мебараду аз роҳгардӣ маҳрум шудааст, барои табобаташ аз тамоми сокинони кишвар ва ашхоси тавонманд кӯмак мехоҳад.

Давлатхон, ки бо аробача ҳаракат мекунад, аз ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон барои кӯмакхоҳӣ ба Душанбе омдааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар яксолагӣ вақте табаш баланд мешавад, табибон сӯзандоруе мегузаронанд, ки таъсири баръакс расонида, сабаби фалаҷшавияш мегардад: “Баъд аз гузаронидани сӯзандору як сол тамоман аз ҷоям хеста натавонистам. Модарам барои шифо ёфтанам зиёд талош кард ва маҳз бо кушишҳои ӯ ва машғулиятҳое, ки бо ман анҷом медод дар 3-солагӣ каме нишаста метавонистам. Барои муроҷиат ба беморхона пул надоштем. Сол то сол ҳолатам бад шудан гирифт. Намедонистем, куҷо муроҷиат кунем, чунки барои сиҳат шуданам маблағи зиёд лозим буд. Модарам маро 26 сол нигоҳубин кард, аммо умр вафо накарду соли 2014 аз дунё гузашт. Падарам соли 2010 ба беморие гирифтор шуду ҳоло бо асо роҳ меравад”.

Давлатхон бо далели камбағалӣ пушти дари ҳеч беморхонае нарафтааст. Танҳо бо кумаки Вазорати тандурустӣ соле қабл барои истироҳат ба осоишгоҳ фиристода шудааст, аммо онҷо ба ӯ гуфтаанд, танҳо истироҳат карда метавонаду халос: “Гуфтанд, ки ман танҳо дар инҷо истироҳат карда метавонам ва барои табобат бояд беморхона равам. Пул, ки надорем, натавонистам ба беморхона равам”.

Ӯ соли 2013 литсей-интернати махсуси маъюбонро бо ихтисоси таъмири радио ва телевизион хатм намудааст. Мегӯяд, ҳоло 27-сола аст, аммо на оила дораду на хонаву шароити хуби зиндагӣ: “Аз хайрхоҳону саховатмандон ва афроде, ки тавони дасти ёриро доранд, барои табобатам кумак мехоҳам. Мехоҳам, пои равон дошта бошам, то худам мустақилона пайи ризқу рузӣ шавам”.


Давлатхон Ҳотамов дар филиали ҶСК “Агроинвестбонк” суратҳисоб боз намуда, аз афроди саховатпеша, ки барои ӯ кумаки худро дареғ намедоранд, пешопеш изҳори сипос менамояд.

Суратҳисоб (20216972802774580001)


Мӯҳр
Ин хама бо айби духтурхо шудагист аввал Вазорати тандурусти кумаки худро дарег надорад шарум кунад бо айби кормандони ин ниход ин мард ба ин хол расидаст лекин боз шарм надошта духтурхо аз ин пул талаб мекунанд иншоло хозир мардбачохо хам зиёд шудагист дар ватани мо кумакат мекунанд Олох мададат кунад Давлатхон

Номро бинед Давлатхон Давлат чашматонро напушед мухтарам Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

! ИН НУСРАТУЛЛО САЛИМОВ ФИКРИ БАРЧОМОНДАХОРО НАМЕКУНАД. МАГАР ЧИ ВАЗОРАТ НАМЕТАВОНАД ЯК НАФАР БЕМОРРО ТАБОБАТ НАМОЯД.ИН КАДАР МАБЛАГГУЗОРИЕ,КИ ХУКУМАТ ХАР СОЛ БА СОХАИ ТАНДУРУСТИ ЧУДО МЕНАМОЯД КУЧО МЕШАВАД?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)