Бахшҳо

“Пункты обмана"

Азизи НАҚИБЗОД

Саррофон дар Тоҷикистон пеш аз буҳрон аз фурӯхтани доллар ба муштариён ҳамагӣ 2-3 сомонӣ фоида мегирифтанд. Ҳоло фарқи 652 ва 690 сомониро дигар худатон ҳисоб кунед.

Саррофиҳои Тоҷикистон аз бархе кишварҳо бахусус Русия як бартарӣ доштанд. Дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳури қурби асъор як хел буд ё хеле кам фарқ мекард. Ва дар аксар ҳолат саррофон пули муштариёнро бо ҳамон нишондоди лавҳаи пеши дарашон иваз менамуданд. Барои мисол дар шаҳрҳои Русия саррофиҳо асъорро бо қурбҳои гуногун хариду фурӯш мекарданд ва ҳоло ҳам вазъият чунон аст. Аммо буҳрони иқтисодие, ки ба Русия омаду то Тоҷикистон расид, ин хосияти саррофиҳои Тоҷикистонро аз байн бурд.

Дар моҳҳои март-апрели соли равон дар Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ ба таври бесобиқа боло рафт. Саррофиҳо долларро бо нархи поин мехаридан ва бо арзиши хеле боло (дар аксар ҳолат пинҳонӣ) ба фурӯш мегузоштанд. Ин вазъият роҳбарияти кишварро ба ташвиш овард. Дар оғози моҳи май дар Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба вуқӯъ омад ва роҳбарияти он иваз карда шуд. Гуфта мешуд, ин тағирот маҳз барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ сурат гирифт. Раиси тозатаъини Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода низ дар аввалин суҳбаташ бо расонаҳо иброз дошт, ки вазифаи аввалинаш ба низом овардани қурби пул мебошад. Аммо барои он ки бидонӣ, то болову поин рафтани қурби пули миллӣ ва камчину гарон шудани асъор ҳич вобастагие ба кӣ будани роҳбари Бонки миллӣ надорад, шарт нест, то коршиноси соҳа бошӣ.

Қурби пули ҳар кишвар вобаста ба сатҳи истеҳсолоташ мебошад ва ҳар қадар содироташ зиёд бошад ҳамон қадар ба он кишвар асъор ворид мегардад. Ва инки иқтисоди мо аз муҳоҷирон вобаста буд ва онҳо ба кишвар асъор ворид менамуданд, кашфи Амрико нест. Аз ин рӯ воридоти асъор аз Русия кам гардид ва баробари ин иқтисоди мо низ осеб дид. Дигар на Нурмуҳаммадзода тавонист, ки ба ваъдааш вафо кунад ва на таваққуъе, ки ҳукумат аз
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Ҷамолиддин Нуралиев дошт, бароварда гардид.

Роҳбарони нави Бонки миллӣ барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва ба низом овардани саррофиҳо бо ҷалби кормандони ВКД ва Прокуратураи генералӣ иқдомҳоеро ба мисли ба ҷавобгарӣ кашидани саррофон, барои чанд вақт бастани дари бархе аз саррофиҳо, ба фурӯш гузоштани доллари амрикоӣ бо арзиши поинтар ва чанде дигарро рӯи даст гирифтанд. Воқеан пас аз амалӣ намудани ин амалиёт то ҷое бозори пул ба низом даромад. Аммо дигар навиштаҷоти рӯи лавҳаи саррофиҳо танҳо қисми харидаш воқеӣ буд. Дар тамоми гӯшаҳои кишвар долларро бо қурби 652 мехариданд, қурби фурӯш дар ҳама ҷо 654 навишта шуда буд, вале бо ин қурб касе доллар харида наметавонист. Саррофон ба муштариёни ношинос доллар надорем мегуфтанд. Аммо барои шиносҳояшон бо қурби 660-665 мефурӯхтанд.

Рӯзҳои охир бинобар боз ҳам поин рафтани қурби пули русӣ қурби сомонӣ низ поин рафт. Арзиши доллар ба таври бесобиқа боло рафт. Корафтодаҳо мегӯянд, ки кунун аз саррофиҳои Тоҷикистон долларро бо арзиши 688-690 харидорӣ менамоянд. Дар ҳоле ки дар лавҳаҳои саррофиҳо қурби фурӯш 656 сомонӣ нишон дода шудааст. Инҷо баҳси сабабу омилҳои болоравии доллару поинравии сомониро як тараф мегузорем. Вале аз ин ҳам ташвишовар ҳамин лавҳаҳои ба воқеият номувофиқи саррофиҳост, ки қурби фурӯши долларро 656 нависта, бо арзиши 690 мефурӯшанд. Ва ҳам масъулини Бонки миллӣ ва ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам муштариён нодида мегиранд. Гӯё чизе нашуда аст. Гӯё дурӯғ нишон додани лавҳа ва фиреб кардани мардум меъёр бошад.

Ногуфта намонад, ки саррофон дар Тоҷикистон пеш аз буҳрон аз фурӯхтани доллар ба муштариён ҳамагӣ 2-3 сомонӣ фоида мегирифтанд. Ҳоло фарқи 652 ва 690 сомониро дигар худатон ҳисоб кунед. Ин ба кадом меъёр дуруст мегирад?

Мо аз роҳбарияти Бонки миллӣ таваққуъ надорем, ки қурби пули миллиро нигоҳ дорад. Чун ин кор ғайриимкон ва муқобили қоидаҳои бозор аст. Аммо саррофиҳоро ба он водор намояд, ки мисли замони пеш аз буҳрон қурби воқеиро нависанд ва ба ҳар корафтода хоҳ шинос аст, хоҳ ношинос бо як қурб асъор фурӯшанд. Чун дурӯғ оқибати хуб надорад ва паёмадҳои бади ахлоқӣ дорад. Паёмади иқтисодиаш низ фикр намекунам, ки хуб бошад.
Мӯҳр
Сароф
Ба Азизи Накибзод бародари азиз дуруги махзро кам нависед, Ягон нафар доллардор ба ивази 652,ё 654 доллар намедихад инро хама медонанд дар расонахо хам огох шудаанд. Нафаре, ки доллар дорад нархи баланд мегуяд дар инчо сарофонро гунахгор накунед. Журналист шуда як мавзуи чолиби диккатро нависед мардумро ба шур андохтан кори хуб нест. Бо ин маколаатон обу руятон баланд намешавад.

саид
офарин бародар

офарин бародар

Фаъолияти рохбарияти нав комилан дуруг аст, инхо омаданду факат кадрхоро ихтисор карданду аз бонк дур. Наметавонанд курби пулро боло бурдан хатто бинед ки худ икроранд, ки ба вазъи асъор дахолат намекунанд. Ширинов хубтар буд...

Шӯҳрат Латифӣ
Азизи Нақибзод матлаби хубе омода сохтед, раҳмат. Агар имкон мебуд ин суолҳои ба миён омадаро ба Бонки миллӣ ва мақомотҳои далхдор низ дода ҷавоби онҳоро рӯи чоп меовардед хело олӣ мебуд. Ба ҳар ҳол матлаби хуб аст!!!!!

Қаймоқ
Саррофиҳо бо бонки миллӣ гапро як кардагиян ҳукумат низ медонад. Ба халқи бечора 100 доларро ба ивази 690 сомон мефурушанд лекин ҳамон сад доларро ба ивази 652 сомон мехаранд. 38 смон фоида аз сад долар. Нисфаш аз бонки миллӣ нисфаш аз сарроф мешавад. Хай давлатдорӣ карда натавонистанд пули буҷетро нобуд карданд ҳоло пули нафақаро ки надоранд аз кисаи мардум ҷамъ карда истоданд буҳрон баҳона

РАКОБАТИ МОЛУ ПУЛ ДАР БОЗОРИ ЧАХОН ОЗОД АСТ. АГАР ДАВЛАТДОРОНИ МО САВОДИ КОМИЛ МЕДОШТАНД, КОХОНАХИ ИСТЕХСОЛИРО БРОХ МЕМОНДАНД, АГАР ДАВЛАТ АЗ ХИСОБИ ИСТЕХСОЛИ КОРХОНАХОЯШ, МОЛУ МАВОДИ ИСТЕХСОЛИАШРО БА РОХ МЕМОНД ОН ГОХ ВОРИДОТИ БОЗОРИ ХОРИЧИРО МЕЗАД.
БАРОИ МИСОЛ: ФЕРМАХОИ ДАВЛАТИ МЕБУДАНД, НАРХИ ГУШРО 20 СОМОНИ МЕКАРД, ДЕХКОН ХАМ БАРОЕ, КИ ГУШТАШ ВАЙРОН НАШАВАД НАРХИ ГУШРО 19 СОМОНИ МЕКАРД. АНА ИН АСТ РАКОБАТИ БОЗРГОНИ ДАР МАМЛАКАТ. МИСОЛИ БИСЁРИ ОДДИ ОВАРДАН МУМКИН АСТ.......

Cаид
Аввал дуруги махс окои Азизи Накибзод ин суханони Шумо ягон асос надорад Шумо мухтарам аз руи фармоиш ин матлабро навиштаед.2-курби долларо талаботи бозор муайян мекунад на сарроф.3-курби аслии арз 6.83 ба 6.85 инро хама нагз медонад ва саррофон беш аз ин фоида надоранд ман инро хамун як сарроф ба Шумо мегуям.Рости ногуфта намонад ин супоришро Шумо аз чониби кадом бонке гирифтаед ки мехохад бозори арзро ба даст гирад ана он вакт вокеан холамон бад хохад шуд.

Дотсент
Тоҷикистон ҳамааш фиребу найранг аст, ҳатто олимонаш риёкору фиребгар шудааанд.

БОЗОРШИН
Баъди подшохи гадои хуш намеояд маро...20-30сомони дар кучову 2-3 сомони дар кучо? 2 -3 сомони монанд ДАВЛЕНИ мешаванд )))))

Пеш аз бухрон курби асъор ро бонкхои тичорати худашон муайян карда мутобики бозор ва ба саррофихо нархи муайян медоданлд холо бошад курбро худи бонки милли мегузорад ва дигар хеч кас хак надорад ки нархномаро бе ичозати НБТ тагйир дихад. Инчо айб дар бонки миллист на дар саррофихо. Бонки милли ба ин васила нишон медихад ки гуе нарх дар бозор асъор муътадил аст вале дар асл ин тавр нест. Саррофиро ичозаи нархи озод надиханд хамин хел тафовут хои бемаъни дар бозори асъор бисер мешавад

Сарроф
Мардум хама бохабаранд

Khadija
То баланд щудану баромадани фармони раиси БМ доллар бо нархи лавха хариду фуруш мешуд. Аммо баъди ба чавобгари кашидани саррофон хама мачбур шуданд то навиштахои дуругинро дар лавха гузоранд. Вале шахсони огох хеч гох бо нархи лавха доллар намефурушанд.

Ман имруз 200 долларро дар яке аз саррофихои шуъбаи Ориёнбонки нохияи Синои шахри Душанбе, вокеъ дар кучои Чоми иваз кардам. Агарчи дар берун 654-656 навишта буд, ман пеш аз иваз кардан пурсидам, ки чанд мегири?
Гуфт:
- Агар аз 1000 доллар зиёд бошад 675 мегирам, агар камтар бошад 670. Нихоят ба мувофика расидему бо курби 672 долларро ба онхо фурухтам. Онхое, ки доллар мехаранд на камтар аз 680 мегиранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)