Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад

Масъулини Хонаи кӯдакони рақами яки пойтахт мегӯянд, дар қиёс ба чанд соли пеш теъдоди тифлоне, ки волидон аз баҳри онҳо гузаштаанд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Саодат Набиева, сардухтури хонаи кӯдакони №1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ду соли охир теъдоди кӯдаконе, ки волидон аз баҳри онҳо гузаштаанд ё тифлоне, ки аз кӯчаҳо ёфт шудаанд, нисбати солҳои қабл кам шудааст: “Ин албатта боиси хурсандӣ аст. Агар солҳои пеш дар як сол аз 30-40 кӯдак даст мекашиданд, ҳоло ин рақам хеле кам шудааст”.

Ӯ мегӯяд, бештари ин кӯдаконро аз кӯча, партовгоҳ ва боғҳо пайдо мекарданд, ки бештарини онҳо навзод буданд: Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯдаконеро низ, ки дар кӯчаву бозор гум шудаанд, ба Хонаи кӯдакон меоранд”.

Сардухтури Хонаи кӯдакони №1-и пойтахт мегӯяд, шояд далели коҳиш ёфтани мизони партофта шудани кӯдакон баланд шудуни шуурнокии модарон бошад.



Ба гуфтаи хонум Набиева, феълан дар Хонаи кӯдакон 88 кӯдак тарбия мегирад, ки тифлони то 4-сола ва маъюбони то 6-сола мебошанд: “Ин кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, хонаводаҳое, ки падар ё модар надоранд ё яке аз волидонашон дар маҳбасанду бо далели фақирӣ аз онҳо даст кашидаанд, бо қарори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Хонаи кӯдакони мо муввақатан ҷой карда шудаанд”.

Саодат Набиева афзуд, соли 2013 бо тасмими Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 23 нафар ба фарзандхонӣ дода шуд, ин рақам соли 2014 ба 15 нафар расид. Шурӯъ аз соли 2015 то имрӯз 15 нафар ба фарзандхонӣ дода шудааст: “Аз 88 кӯдаке, ки дар Хонаи кӯдакон тарбия гирифта истодаанд, 11 нафарашон партофташуда мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мо оварда шудаанд. Агар муддати 6 моҳ ягон нафар ба айёдати кӯдак набиёяд, баъд аз дархост ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак онҳо ба фарзандхонӣ дода мешаванд”.

Ба гуфтаи сардухтур, дархост барои писарону духтарон ҷиҳати қабули фарзандхонӣ баробар аст: “Онҳоро оилаҳои бефарзанд ё камфарзанд мегиранд. Тӯли чанд соле, ки инҷо фаъолият мекунам, ягон кӯдак ба шаҳрвандони хориҷӣ ба фарзандхонӣ дода нашудааст, чунки иҷозат нест”.

Дар поёни суҳбат хонум Набиева гуфт, “ҳарчанд шароит дар Хонаи кӯдакон хуб аст, аммо кӯдакон ба меҳру муҳаббати волидайн ва оғуши модар ниёз доранд. Фикр мекунам фарзанд бояд дар назди падару модар ба воя расад”.


(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад

(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад

(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад

(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад

(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад

(АКСУ ВИДЕО) Сардухтури Хонаи кӯдакон: Фарзанд бояд дар оғуши модар ба воя бирасад
Мӯҳр
Салом ман мехостам аз кудакистон фарзанд гирам аз Шумо илтимос ба кучо ва ба ки мурочиат кунам Бо камоли Эхтиром Чахонгир

Ҳолдон
Лаънати Худо бар он нафаре, ки фарзандро мепартояд.

Асалому Алайкум ман бо хамрохии шавхарам мехохеки аз хонай кудакон кудак гирем писар нав таввалуд шуда то шаш моха хаминро фахмидан мехохем мумкинаст? ва чигуна хучатхо даркораст???Чахонгир,

Гулчехра
Салом ман мехохам ба тарбия фарзанд гирам ба ки мурочиат кунам ва чи хел хуччат лозим хохиш мекунам муфасал эзох медодед.

Хайдаров махмади
Ман мехохам ягон кударо ба фар3адхони гирам чунки ман фар3анд надорам бояд чикуна ки ин номерои ман 9о1502067

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)