Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Номувозинатии ҳаҷми содироту воридот дар Тоҷикистон

18 октябр 2011, 07:04

Тайи 9 моҳи ахири соли равон ҳаҷми содирот дар Тоҷикистон 951,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 % афзоиш ёфтааст.


Бино ба иттилои Бонки миллӣ, тӯли ин муддат ҳаҷми воридот  ба 2326,9 миллион долари ИМА расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 27,8% зиёд шудааст. Чанд тан аз коршиносони масоили иқтисодӣ дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» иброз намуданд, ки чунин номувозинатии ҳаҷми содироту воридот барои Тоҷикистон манфӣ буда, дар ҳалли ин  пеш аз ҳама дар дохили кишвар ташкили корхонаҳои тавлидотӣ лозим аст. Ба боварии ин гурӯҳи соҳибназарон, низоми сангини андозбандии кишвар, сабаби рушд накардани соҳаи истеҳсолот мебошад, ки ҳоло 40% соҳибкорони ботаҷриба дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд.

Ба қавли иддае аз  коршиносон, агар ин гурӯҳи соҳибкорон дар дохили Тоҷикистон истеҳсолоташонро ба роҳ монананд, ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар афзоиш ёфта, боиси рушди соҳаҳои мухталифи кишвар хоҳад шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!