Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд

Дилшод Назаров, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Чин бо медали нуқра баргашт, мегӯяд, ҳангоми қувваозмоӣ вазъи саломатиаш хуб набуд.

Ӯ, ки субҳи имрӯз, 26 август вориди пойтахт шуд, дар як суҳбат дар саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди хуб набудани саломатӣ талош кард ва тавонист аввалин нишони нуқра аз варзиши сабук дар замони истиқлолро ба Тоҷикистон биёрад.

Дилшод Назаров, ки аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Бразилия-2016-ро ба даст овардааст, ваъда кард, аз олимпиадаи мазкур низ медал хоҳад овард.

Варзишгари шинохтаи кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мухлисону ҳаводорон, намояндагони мактабҳои махсуси варзишӣ, Аҳтам Абдуллозода -- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин масъулини ниҳодҳои варзишии кишвар пешвоз гирифтанд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, зимни пешвозгириии Дилшод Назаров медали нуқраи ин варзишгари тоҷикро туҳфа дар арафаи ҷашни Истиқлол ба кулли варзишгарон ва Тоҷикистон унвон карда гуфт: “Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ Ҷоизаи президентӣ барои варзишгарон ҷорӣ шудааст, ки Дилшод Назаров нахустин шуда, соҳиби он мегардад”.

Ҷаноби Абдуллозода гуфт, ҷоизаи мазкур фардо ба Назаров тақдим хоҳад шуд.

Сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ миёни мардон дар шаҳри Пекини Чин байни 12 гурзандози беҳтарини ҷаҳон баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба дарозии 78 метру 55 сантиметр пардофт ва соҳиби нишони нуқра ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ гардид.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.




(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд

(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд

(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд

(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд

(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд

(АКСУ ВИДЕО) Дилшод Назаров: Дар Чин саломатиам хуб набуд
Мӯҳр
ф
Пахлавон не, гурзандоз.

ш Душанбе
хайрота ...ба ятимон зиёд кун ...куваат дучан зиёд мешавад .....

точик
Шукри даврони тенчи ва пахлавонхои точик ,ки эътибори миллату давлатро дар арсаи чахони баланд мебардоранд.Аммо хуб мешуд дар барномахои телевизиони ва шабакахои интернет чигуна,бо кадом тарзу услуб ба даст овардани ин медалхоро намоиш медоданд.дар мо танхо бо суханрони муарифи менамоянд, магар ин амал мушкил аст ва ё ???

Гурзи партофташуда ба дарозии 78 метру 55см ------- ВАЗНАШ чанд кг буд, пурра шарх дихед.

муборак бощад ва ба пеш ва доимо бо галаба.

Истиклол
ОФАРИН ДИЛШОД! МУБОРАК БОШАД!
Ин галабаи Дилшод не, ин галабаи тамоми миллати точик

И марака Паластин равон кунед дар он чо сангпартови хуб даркорай сангош дар маркази шахри Исроил мезананд.

ваврзишгар
Хуб мешуд Дилшод Назаров раис ва Абдуллозода муовин ва сардори ягон раёсат мешуд.Онхое ки чоизадорони олимпианд зеби раисианд. Агар ректорони донишгоху донишкадахо профессорону академикхо бошанд пас раиси кумитаи чавонон ва варзиш камаш чоизадорони мусобикахои олимпи бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)