Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:03

Генералҳои тоҷику афғон дар Бадахшон мулоқот карданд

18 октябр 2011, 08:58

Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ба ВМКБ сафар кард.


Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ доданд, боздиди ҷаноби Назаров аз ноҳияи Мурғоб ба манзури ифтитоҳи бинои шӯъбаи агентӣ дар минтақа ва мулоқот бо муовини вазири корҳои дохилаи ҷумҳурии исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ мебошад. Манбаъ ҳамзамон афзуд, рӯзи гузашта номбурда дар маросими ифтитоҳи ботантанаи бинои шӯъбаи раёсати агентӣ дар ВМКБ дар ноҳияи Мурғоб, ки бо ширкати раиси ҳукумати ин ноҳия ва ҷамъе аз кормандони раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ доир гардида буд, ҳузур ёфт. Бинои мазкур бо дастгирии молиявии раёсати   СММ дар доираи татбиқи Лоиҳаи  AD/TAJ/03/H03 "агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-Марҳилаи II" бунёд ёфт.

Гуфтанист, рӯзи 19 октябр як шӯъбаи дигари раёсати бадахшонии агентӣ дар ноҳияи Ишкошим ифтитоҳ мешавад. Нимаи дуюми рӯзи гузашта аз тариқи гузаргоҳи пули “Тем”, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, як ҳайат намояндагони ВКД ин кишвар таҳти сарварии Бозмуҳаммад Аҳмадӣ муовини вазир, генерал-полковник вориди ВМКБ шуданд. Ҳадаф аз сафари ҳайати номбурда тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мусоидат барои шиносоӣ ва боздошти гурӯҳҳои муташаккили байналмилалии қочоқбар дар қаламрави ду кишвар унвон шудааст. Маврид ба таъкид аст, ки ин аввалин сафари ҳайати баландпояи ҶИА ба кишвари мо баъди баргузории Конфронси минтақавии зиддимухаддир дар шаҳри Кобул аст, ки дар он сарварони идораҳои зидахли Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуда буданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • теми

  • 31 март 2014 09:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
байни худ таксим карпда бошанд.????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!