Бахшҳо
28 авг 2015 11:53Тоҷикистон / Сиёсат

Тақдими ордену рутбаҳои баланди низомӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28 август, ба истиқболи 24-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуруҳи кормандони касбу кори гуногунро бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардондааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар оғози маросими мукофотсупорӣ бо ордени Дӯстӣ раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев сарфароз гардонда шуд. Ба иттило манбаъ, бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои техникӣ Сафиев Алишер Ҳайдарович, номзади илмҳои техникӣ, сарфароз гардид.

Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ чанд олими дигар бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ аз қабилӣ, Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович, номзади илмҳои ҳуқуқ, Муродов Ардашер Алишерович, номзади илмҳои ҳуқуқ, Саидмуминов Аҳлиддин Саиднуриддинович, номзади илмҳои педагогӣ, Саидов Аҳмадшо Раҳматшоевич, номзади илмҳои педагогӣ, Саидов Ҳалимҷон Азизович, доктори илмҳои филологӣ, Саидов Шоҳин Нурович, номзади илмҳои ҳуқуқ қадрдонӣ шудаанд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, ба поковники адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, муовини Прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии "генерал-майори адлия" дода шудааст: “Полковники милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов-сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии "генерал-майори милитсия", полковники милитсия Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло-сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии "генерал-майори милитсия" ва полковники хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим - сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии "генерал-майори хизмати дохилӣ" сарфароз гаштанд. Ба полковник Бегназаров Амирбек Саймирович-сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии "генерал-майор" дода шуд”.

Ба иттилои манбаъ, шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар ходимони давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ ва намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеа бо орденҳои Шараф дараҷаи 1 ва Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шуданд: “Аз миёни онҳо ба дастовардҳои Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки нахустин шуда, ба бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио де Жанейраи Бразилия дар риштаи гурзандозӣ соҳиби роҳхат гардидааст, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид”.
Мӯҳр
Баходур
Бекназаров ба ин рутба арзанда аст

и ордеро шиками халки камбагалро сер накунад чи лозим ордеру медалу рутбахои гуногун? зиндагии халка арзон меккарде ана ордер ана рутбаву ана обу ру...

Э. Ворух
Саидов Ҳалимҷон Азизович арзанда аст ба ин чоиза, муборак Халимчон!!!

ДАР СОХАИ ИЛМХОИ ХУКУК УНВОН ГИРИФТАГИХО АРЗАНДА НЕСТАНД.ЧАРО АЗ ЯК СОХАИ ИЛМ СЕ НАФАРУ АЗ ДИГАР ИЛМХО НЕ? МАСАЛАН АЗ ИЛМХОИ СИЕСИ ВА ГАЙРА ДАР ДИГАР СОХАХО ХАМ ОЛИМОНИ ЗИЕД ВА АРЗАНДАЕ ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯД,

ИН САИДОВ ШОХИН НУРОВИЧ ПИСАРИ НУРИДДИН САИДОВ (ВАЗИРИ МАОРИФИ ЧТ) АСТ МАГАР?

Канда занад вазири маориф Нуриддин Саид. Писараш Шохинро чоизадор кард. Хе офарин!!!

Писари Хайдар Сафиев собик ректори Донишгохи милли низ чоиза гирифтаст. Хама тагадор мегирад. Озодагон барои чи Озодаи Рахмонро нагуфтед?

Махмуди Ашурмухаммад
Иброхимзода Нозим дар як оилаи серфарзанди дехаи Ободон(собик Кайрагочи) ба воя расидааст.Ахли ин оила хама инсонхои халолкоранд.Вай ба хамаи ин бо мехнату кушиши халол расид.

амирбек бекназаров кадри чавону багайрат аст ба давлату миллат хизмат мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)