Бахшҳо

Баҳсҳо дар бораи Равшан: Агар президент мебуд, Қримро бармегардонд

Садоқати як муҳоҷири тоҷик, ки бо вуҷуди мушкилоти сахти иқтисодию қарзҳояш аз бонк наздик ба як миллион рубли ёфтаи худро ба соҳибаш баргардонд, корбаронони шабакаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овардааст.

Аксари корбарон амали муҳоҷири тоҷикро қаҳрамонӣ хонда, гуфтаанд, бо ин кораш собит сохт, ҳанӯз садоқат вуҷуд дорад. Лидия Гарнова, як фаъоли Фейсбук навиштааст, “дар ин дунё ҳоло ҳам мардуми шариф ба сар мебурдаанд”. “Boldbaatar Ugmed”, як корбари муғул гуфтааст, “боварам намеояд, ки ҳанӯз ҳам чизе бо номи садоқат вуҷуд доштааст”.

Юрий Биченок, корбари дигари рус амали муҳоҷири тоҷикро аз зумраи ҳодисаҳои нодири олами кунунӣ хонда, афзудааст, “ҳарчанд ин ҳодиса миёни миллионҳо якест, вале баҳонае барои хушбин будан метавонад бошад”. Юрий Куриленко низ ба ин баҳс ворид шуда, бо ибрози таассуф навиштааст: “Агар ин мард президенти Русия мебуд, ҳатман Қрими “дӯздӣ”-ро дубора ба Украина бармегардонд”.

Номи ин муҳоҷири 47-сола аз Тоҷикистон, ки ба ронандагӣ машғул будааст, замоне сархати расонаҳои хабарии Русия қарор гирифт, ки ҷузвдон ва 850 ҳазору 200 рубли фаромушшудаи як мусофири худро ба соҳибаш баргардонд. Ин 850 рубл марбут ба сокини ношунавои маҳаллие будааст, ки “мототсикл”-и худро фурӯхтаву ҳангоми бозгашт ба хона ҷузвдони маблағро дохили нақлиёти мусофирбар фаромӯш кардааст.

Муҳоҷири тоҷик, ки аз ӯ Равшан ном бурдаанд, гуфтааст, “ҳар шаб баъд аз соати корӣ дохили нақлиётро аз назар мегузаронам, то мусофире чизеро фаромӯш накарда бошад ва он шаб низ ин амалро такрор кардам, ки ҷузвдонеро бо 850 ҳазору 200 рубл ва либосе ёфтам. Пагоҳ аз субҳ то шом ин ҷузвдонро бо худ гирифтам, ки шояд касе ба суроғаш ояд. Аммо касе наомад”.

Ба гуфтаи Равшан, ӯ аз тариқи нишони навиштаи пушти лифофаи маблағ муштарии “Мототсикл”-ро пайдо карда, тавассути он бо соҳиби маблағ тамос гирифтааст: “Дар он нишонӣ мардеро ёфтам, ки гуфт, ман бо ин маблағ “мототсикл” харидаам ва ҳоло он дигар моли ман нест ва шумораеро доду гуфт, метавонӣ соҳиби маблағро бо ин пайдо кунӣ”.

Ин ҳама шарҳу истиқбол аз амали як муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки шабакаи телевизионии “НТВ” бо пахши гузорише ин ҳодисаро пӯшиш дода, аз зикри шаҳрвандии ин муҳоҷири тоҷик худдорӣ кард.

Таҳиягарони гузориши “НТВ” ин амали муҳоҷири тоҷикро, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи мусфирбар кор мекунад, қобили таҳсин хонда, аммо нагуфтаанд, ин марди 47-сола ҳам аз зумраи беш аз 2 миллион муҳоҷири кории Тоҷикистон аст, ки ҳамасола сари садҳо тани онҳо бо дасти миллатгароёни рус бидуни асос дар Русия аз тан ҷудо мешавад.

Ин амали масъулини шабакаи телевизионии “НТВ” бо вокуниши бархе аз бинандагон ва корбарони торнамои ин шабака ҳам рӯбарӯ шудааст. Камил Денишев, корбари торнамои “НТВ” навиштааст, “аз рафтору кирдори ронандагони қафқозӣ ҳар лаҳза хабар медиҳанду мегӯянд, ин корро кард ё он амалро анҷом дод. Аммо дар ин гуна ҳолатҳо намегӯянд, ин мард ҳам аз Қафқоз ё Осиёи Марказӣ аст. Ба ҳар сурат, Офаринаш!”

Зикр нашудани табаияти муҳоҷири тоҷик дар ҳолест, ки ҳангоми содир шудани ҷиноят аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон расонаҳои русӣ ҳатман ба миллат ва шаҳрвандии ӯ ишора мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое низ шуда, ки дар ВАО-и Русия шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, к ибо иттиҳоми ҷиноят боздошт шудаанд, тоҷик муаррифӣ мешавад.
Мӯҳр
Душанбеги
Ахсан, бародари гироми Равшан! Хамин рафторатон садхо маърузаю нашрияхоро оид ба баланд бардоштани обруи (имичи) точикон иваз кард.

ахсан ба акаи Равшан
Дар хакикат шохид хастем, ки имрузхо аксари расонахои хабарии русия дар бораи икдоми акаи Равшан сухан меронанд. Боиси ифтихори тамоми точикон аст. Дар хакикат бо ин рафторатон як бори дигар нишон додед, ки мардуми точик чи гуна хоксору каноатпеша хастанд. Ин амали он кадар бузург хам набошад, аз ин пас ба точикон хамин гуна бахо медиханд.

Мухаммад
хаминашро хуби хуб медонам ки агар ин одам арман,гурчи,рус,каззок ё узбак мешуд сару садояш зиёдтар мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)