Бахшҳо

Дипломати раҳошуда аз дасти ДИИШ ба ҳайси сафир вориди Душанбе шуд

Озтурк Йилмоз, собиқ консули генералии Туркия дар шаҳри Мавсили Ироқ, ки ахиран сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъин гардид, вориди шаҳри Душанбе шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар имрӯз, 28 август сафири нави Туркия дар Душанберо ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин вохурӣ Озтурк Йилмоз Эътимодномаи худро ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон супорида, вазъи кунунӣ ва тавсеаҳои башардӯстона ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, фарҳангу маорифро баррасӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қаноатмандии худро роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия баён намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки сафири нави Туркия барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар саҳми сазовор хоҳад гузошт. Озтурк Йилмаз дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, тамоми кушиши худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона хоҳад кард.

Йилмоз, ки қаблан вазифаи консули генералии Туркия дар шаҳри Мавсили Ироқ, зодгоҳи Саддом Ҳусейнро ба уҳда дошт, 11 июни соли 2014 ҳамроҳ бо 48 дипломати турк аз ҷониби ҷангҷӯёни ДИИШ ба гарав гирифта шуд ва дар пайи гуфтушуниҳо баъд аз 101 рӯз раҳо гардид.

Туркия яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки моҳи январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 22 марти соли 1992 сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз кард. То ҳол Меҳмет Мӯнис Дирик ба ҳайси сафири Туркия дар Тоҷикистон кор мекард.
Мӯҳр
АБДУРАХМОН
ОЗОДАГОН ЧОТА ХОЗИРРО КОМЕНТАРИЕИ НАВ НАВИШТАРО ЧОП НАМЕКУНИ ЧИ ХАСТАМ ШУДАЕН? МО ХОНАНДОИ ДОИМИИ ШУМО ДУ РУЗ ИНЧОНИБ МАТЛАБИ НАВЕ НАХОНДЕМ

diplomat
ина зери назорат гиранд боз сафири доиш набошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)