Бахшҳо

Риш дорам, пас террористи эҳтимолиям?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ришам номи маро ба кадом як рӯйхати “сиёҳ” ворид кард. Шояд феҳрасти “ҷинояткор ё террористони эҳтимолӣ” буд...

Чаро иддао мекунам ин рӯйхат “сиёҳ” аст? Боре шоҳид будаед, ки дар кишвари азизи мо исми нафаре барои гузоштани риш вориди феҳрасти “сафед” шуда бошад?

Ҳоло дигар қисса кунам, ки номи ман чӣ тавр дар ин рӯйхат навишта шуд. Барои гирифтани посухи як дархост ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ рафтам. Вақте гуфтанд, нафаре, ки мепурсам бо коре баромадааст, баргаштанӣ шудам, аммо навбатдор ному насабу ҷои истиқоматамро пурсид. Гумон кардам, мехоҳад дар дафтари асосӣ маро сабти ном кунад, аз ин рӯ гуфтам, беҳтараш замоне ки фалонӣ омад, меояму баъд қайд намоед. Аммо навбатдор гуфт, “ин барои ришат”.

Ному насабу ҷойи истиқоматро пурра гуфтаму дар коғазе навишт. Сипас гуфт, акнун ба ин тараф гузар (ба дохили утоқи навбатдор), акс бигирам. Пурсидам, чаро? Гуфт, фармон шудааст. Гуфтам, лутфан мешавад он фармонро бароям нишон бидиҳӣ? Табиист, ки “не” гуфт. Дохили утоқ шудаму гуфтам, ин ҳолатро дар рӯзнома менависам. Гуфт, бинавис, аммо танҳо росташро, яъне бигӯ, ки барои ришам буд. Бо аломати тасдиқ сар ҷунбондаму як хандаи мастона задам ва дар телефонаш аксам гирифт.

Вақти хайрухуш гуфт, “ако, боз аз ман хафа нашавӣ”, гуфтам аслан ҳеч далели аз Шумо хафа шуданро надорам, чун танҳо фармонро иҷро мекунед.

Ростӣ, нафаҳмидам чаро номамро навишта карданд. Гумонам он навбатдору даҳҳо корманди дигари пулис ҳам намедонанд чаро ин корро мекунанд. Ҳатто онҳое ҳам ки баъзан маҷбур риши нафареро “чаптарош” мекунанд...

Воқеан, номнавис кардани ришдорҳо ба чӣ хотир аст? Касе аз Шумо медонад? Шояд мақомоти Тоҷикистон оморе доранд, ки бештари ҷиноятҳо аз сӯи ришдорҳо анҷом шудааст? Ё шояд кадом равоншиноси бузурги тоҷик пажуҳише анҷом додаву дақиқ кардааст, ҳар ки риш гузошт дар ӯ эҳсоси ифротӣ будан пайдо мешавад? Шояд олимони мо баъди “кову шӯр”-ҳои зиёде маълум кардаанд, кадом кишваре дар фазо вирусе паҳн кардаву ҳар ки риш бигзошт, вирус ба он сироят намуда, сӯи анҷоми ҷиноят “қит-қитак”–аш мекунад? Шояд...
...Ва ришдорҳо номнавис мешаванд, то дар сурати анҷоми кадом ҷиноят ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ даъват шаванд?

Муборизаи беамон алайҳи “фарҳанги бегона”-и мақомотро фаҳмидан мумкин, гӯиё мехоҳанд суръати пӯшишҳои бегонаро коҳиш бидиҳанд, аммо мантиқи мубориза бо ришро дарк карда наметавонам. Ё инро ҳам зери чатри мубориза бо фарҳанги ғайр роҳандозӣ кардаанд? Гузоштани риш аз кай фарҳанги хоси як миллату қавм буд?

Агар воқеан риш хатар дорад, пас чаро қонунан гузоштани онро манъ намекунанд? Лоиҳаи илова ба Кодекси ҷиноӣ бинависеду ба парлумони мардумӣ бифиристед, мутмаинам дар аввалин баррасӣ як тугмаи муқобил ё бетараф фаъол нашуда, бо як овоз қабул мешавад. Бо ҳамин ба қавли Аловиддин “кори хирс тамом”. Дигар касе эътироз намекунад ва аз он ки як корманди БДА ба риши мусофирон “чаққа” мешавад, ҳайрон намегардад.

Ба дунболи баҳси ришу беришӣ бисёр шарҳҳо хондаем, ки муаллифонаш иддао мекунанд, “гузоштани риш фарзи Худованд мебуд, писарон аз модар бо риш таваллуд мешуданд”. Агар дунболи ин мантиқ биравем, моро бидуни либос ба дунё овардаанд, пас чаро луб-лучи модарзод намегардем?

Далели шайъӣ муҳимтарин омили гумонбар шудани нафар ё нафароне дар анҷоми ҷиноят аст. Муфаттишон маъмулан мегӯянд, аз фалон гумонбар далели шайъӣ - корд ё силоҳ гирифта шуд. Шояд акнун мегӯянд, “далели шайъӣ -- як мушт риш гирифта шуд?” Ба қавли дӯсти рӯзноманигорам Абдуазими Абдуваҳҳоб, “агар риши ман ба амнияти давлат хатар дошта бошад, риш чи ки розиям сарам бурида шавад”...

Дар чанд соли ахир шоҳиди ҳаводисе шудем, ки қаблан майнаамон тавони қабулашро надошт. Ин шабу рӯз дигар дидану шунидани чизе ҳайронам намекунад. Шояд замоне барои мурдаи Ленин бозпурсӣ шавам...

АЗ ИДОРА: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
99
"Озодагон"! О ин қадар тарсу набудед-ку!
Бечора муаллиф, на фақат дар бораи худ, балки фикри аксариятро навиштааст!
Дар ҳақиқат, ин масъулони мо корҳоеро карда истодаанд, ки аз шарм ҳамаамон страус шудаем!

Бародар хар чизеро, ки давлат бароямон манъ кард бояд аз сидки дил ичрои он кунем, зеро ман бо боварии комил гуфа меавонам, ки хеч ягон нафаре аз вазифадорон, аз сардори Чумхур сар карда ба манфиати шахрвандони худ хукм намебароранд......Бисёр аз хар як шахрвандони точики худ хохиш мекардам, ки тарки бегонапарасти намоянд, зеро рузе балои баде ба сарамон хохад овард.......шукронаи тинчиву оромии сарзамин кун, ки нафаси софу бегубор кашида истодаи....!!!!!

ришдор
Брат барои ришт ин кадар ноз карди...
Хай чи чои вохимаву реклама кардани хамин ришаст? ба хайр будаст ку ришат ба тартиб ягон гап намешавад иншооллох. Лекин вой бар холи нафароне,ки риши дак,у дагал доранд...
редаксия хамаи гапа чоп менену баъд меген и фикри муаллиф аст. хайр фикр муаллиф бошад аз худаш хаминро шарт ми баровардан?
дигар халкхо дар Марс хоначога гирифтосану мо холо хам дар бораи мусору ришу сатр гап мезанем. о вакташ ки омад риш мемонед. наход хамин ришахам муд кунед. О муллову мударрис боши майлаш мон риша, лекин шарт не дар чавони худата дар чомеа вай куни....

Аз ҳамон риш, ки туро ваҳшӣ нишон медиҳад, чӣ мегирӣ? Аслан беҳавсалагии туро нишон медиҳад, ки хоҳиши риштарошӣ надорӣ! Мутмаинам, ки дар замони Ҳазрати Расули акрам агар ин таҷҳизоти риштарошии имрӯза мавҷуд мебуд, ҳеҷ гоҳ риш намемонданд. Кулли зани нағз хуш мекунад бериша. Ҳаволат ба Худо. Дар саҳро гардӣ мумкин бо риш гардӣ, аммо шаҳр ва миёни издиҳом ҷойи шахсони фарҳангист ва ҳазор риши хушрӯ дошта бошӣ ҳам бо риш ваҳшӣ метобӣ!

Кусариш
Э БАРОДАР БА ГУФТАН НАМЕША АМАЛ КАРДАН ДАРКОР ЯНЕ АЗЧОЙ БАР ХЕСТА ДАСТ БОДАСТИ ХАМ КАКИ ХУДРО ТАЛАБ КУНЕМ

Ришакӣ
Акаи Абдулазизи ВОСЕЪ, беҳтарин матлаб ва бо ҳазл омехта, ки хонанда бо як нафас хонда, хаста намешавад. Вале то бар худатон ин бархурдро раво надиданд, дар ин бора чизе нанавиштед. Одатан бештари рӯзноманигорони мо ҳамингуна дар нисбати қонуншиканиҳои мақомот бетарафӣ зоҳир мекунанд. Шумо бояд дар ин бора бештар нависед ва аз ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон бо қалам дифоъ кунед, зеро ба қавле шумо мустаъқил ҳастед. Хайр он хабарнигороне, ки дар радиову телевизиун ва рӯзномаҳои ҳукуматӣ кор мекунанд, кулух бар лаб молида, бештари вақти худро ба тамаллуқу хушомадгӯӣ сипарӣ мекунанд, мо аз онҳо гиламанд нестем.

Ин ман собик аъзои ХНИТ будам, риш хам мондам, даъват ба аъзоги хам кардам, ва ончие, ки рохбарони ХНИТ мефармуд, ичро мекардам, аммо чи шуд, хэч ягон суде надидам.

Бисёр нагз. риш монди ба худта. Дар интернет чи мекоби ё ришатро реклама дори.

Ришдор
Фикрхо ва суолхои хуб матрах намудед!- Аслан як мардро барои риш монданаш пурсиш кардан,бисьёр бемантикист!!! Мантик он аст,ки аз мардон пурси:-"чаро риш намонди?"- Имруз миллати азизамон бояд дар чустучуи роххои пешравии кишвар бошем! На "саргардон"- ба корхое,ки гайр аз исрофи вакт дигар фоидае намегирем.

Акрам
Душманони миллати точик як чизро кашф карданд, албатта шояд нашавад кашфаш гуфт чунки хиёл хам хаст. Инхо хар донишманду файласуфи точикро ки бо номи худ ва илми худ забонзади хоссу оми чахона хастанд, мисли Рудаки, Хайём, ,Хофиз, Саьди, Руми, Сино ва хатто Садриддин Айниро диданд, ки хамаашон риш доранд. Инхо ба ин натича расиданд, ки агар риши ин мардумро натарошанд боз аз байнашон эхтимоли пайдо шудани чунин олимон вучуд дорад, ана барои хамин ришхояшонро кококок метарошанд. Холо мунтазир бошед дар парламент хам конун кабул мешавад.

Мошоаллох ин риш ин бародаро чика зебидаст.
Корхое ки бояд кунан ин милисахо фаромуш кардан чиаст. Рудакиро аз кабр бигирен ришаша тарошед унам ришдор буд. Айб аст дигар кишвархо ба кучо расидан инхо аз пай риштароши аз худо битарсед ки чи балое бар саратон нарезад

Нуъмон
Вой ба ҳоли риштарошон мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа мегӯеду риши мардумро тарошида истодаед агар пешвои мазҳаб зинда мебуду ин ҳолатро медид, дигар бовар намекунам ҳар касеро, ки Даъвои мазҳаби ҳанафӣ мекунаду риши мардумро метарошад.

Аҳмад
Ҳафтаи гузашта як шиносам ки дар хат сайри 54 старекс меронад гуфт,ки саҳар пеш аз кор баромадан раиси корхона ба мо маҷлис карда гуфт ки аз ин ба баъд дигар дар роҳҳо ришдорҳоро савор накунед.,,Ёбеду гиред ....

Мухаммад
Ин навишта на танхо назари шахсии муаллиф балки нуктаи назари хар як шахси солим ва боакл аст. Аз чумла ин навиштахо ба ман маъкуланд.

Рустам
Инхо намедонанд, ки риш суннати Паёмбар САС мебошад. Дар тамоми давлатхои дунё ап хатто гайри мусалмон ба риш коре надоранд. Мутассифона, дар Точикистон, ки 95 дарсади он ба ном мусалмон аст, ба риш нафрат доранд.

АБДУЛЛОХИ ИЗЗОМ
Салом ба тамоми хонандагони озодагон . Бародари азиз ин ки гуфти барои мурдаи ленин боз пурси шавам .ин хам мешавад вале камматар дертар ин аз руй накша дар кадамхои баъди ба назар гирифта шуда аст . Ва хатман ичро мешавад дар оянда .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)