Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:07

Барои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шимоли Тоҷикистон осоишгоҳ месозанд

18 октябр 2011, 10:52

То моҳи сентябри соли 2012 бояд кулли биноҳои марбут ба хона-парваришгоҳҳои пиронсолону маъюбон тармиму таҷдид карда  шаванд.


Дар ин бора Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои вазорат   супориш додааст.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин вазорат иттилоъ доданд,тибқи супориш то охири соли 2011 аз ҷониби идораҳои зертобеи вазорат масоили ташкилӣ ва молиявии таъсиси маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва пиронсолон ҳалли худро меёбад. Биноҳои мазкур дар  шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Табошар, то моҳи сентябри соли 2012 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тарнмим шуда, масъалаи таъсиси хона-интернати беморони рӯҳӣ барои 100 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  таъмиру таҷҳизонида бояд шаванд.Барои  биноҳои интихобгашта  бояд, миқдори бошандагон  муқарар карда шавад ва агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа то нимсолаи аввали соли 2012 таъмири ҳуҷраҳои кории шӯбаи агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғдро анҷом медиҳанд.

Бо назардошти талабот, агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират то нимсолаи аввали соли 2012 муваззаф гардид, ки ҳуҷҷатҳои заруриро барои таъсиси осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан дар заминаи бинои хонаи таълимию истироҳатӣ омодаву ба тасвиб расонида, таъмиру таҷҳизонидани онро анҷом диҳад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!