Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Вазири умури хориҷаи Амрико ба Душанбе омаданист

18 октябр 2011, 12:01

Ҳилларӣ Клинтон, котиби департаменти давлатии ИМА дар чаҳорчӯби сафари минтақавиаш ба Тоҷикистон ташриф меорад.


Тибқи иттилои расонаҳои кишвар вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи 20-уми октябр ба Душанбе хоҳад омад. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ, хонум Клинтон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад. Сипас аз Душанбе бону Клинтон озими Тошканд гардида, бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов вомехӯрад.

Маврид ба ёдоварист, чанлд рӯз қабл фиристодаи вижаи ИМА дар умури Покистону Афғонистон Марк Гроссман ҳам ба Душанбе омада буд ва бо райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати хоса доир кард. Зимнан,дар нишаст қайд гардид, ки Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он дар асоси усули манфиатҳои баробар ҳамкориии пойдор дошта бошад.Ҷаноби   Ҳамзамон,  таваҷҷўҳи бештар ба роҳҳои ҳамгироии ду кишвар барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар , омодасозии кадрҳои сатҳи муосир барои сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир гардид.Ҳарду ҷониб омодагии худро барои дастгирии мушаххас аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва таъмини робитаи мунтазами миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид намуданд. Масоили ҷилавгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон  низ  мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!